Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоСуди косатсионӣ ҳукми Бузургмеҳрро бетағйир монд

Суди косатсионӣ ҳукми Бузургмеҳрро бетағйир монд

Бино бар гуфтаи  як манбаъи «Паём.нет» субҳи имрӯз суди косатсионӣ дар бораи ҳукми адвокати маъруф Б. Ёров кори худро ба анҷом расонда, эълон кардааст, ки ин ҳукм бетағйир боқӣ мемоад.

Ин дар ҳолест, ки Б. Ёров ба 23 соли зиндон маҳкум шудааст. Дар ибтидо Бузургмеҳр Ёров танҳо ба хотири қаллобӣ  боздошт шуд ва парвандааш бар ҳамин асос ба додгоҳ рафт. Аммо пас аз онки мақомот натавонистанд ӯро аз азмаш барои ҳимояи боздоштшудагони ҲНИТ мунсариф кунанд, якбора парвандаҳои нав нисбати ӯ пайдо шуданд ва ӯро ба табаддулоти давлативу ифротгароӣ ҳам муттаҳам карданд.

Аммо бузургмеҳр касе набуд, ки аз ин таҳдидҳо битарсад ва ба осонӣ таслими онҳо шавад. Ӯ қонунро аз судяву муфаттишҳо дида беҳтар медонад. Ҳамеша суханрониҳояш дар додгоҳ тамоми барномаҳои аз пеш рехтаи мақомотро вайрон мекард. Бинобарин мақомот ба хотири пинҳон доштани шикасташон дар муқобили Бузургмеҳр дастур доданд, ки парвандаи ӯ ҳам пушти дарҳои баста баррасӣ шавад. Ҳатто дар муҳокимаҳояш бо баҳонаҳои дуруӯғин намояндагони расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандиро роҳ намедоданд. Борҳо муҳокимаро ба таъхир  андохтанд.

Ҳатто чандин вакилони дифоъ ба таври мармуз аз ҳимояи ӯ дасткашиданд. Бародараш Ҷамшед Ёров ҳам пас боздошти чанд ҳафтагӣ маҷбур шуд тарки Тоҷикистон кунад. Ҳатто  яке аз вакилони дифоъаш ҳам ахиран маҷбур шуд тарки Тоҷикистон кунад.

Ин дар ҳолест, ки имрӯз баъд аз зуҳр қарор аст дар суди ноҳияи Фирдавсӣ муҳокимаи ӯ аз руи моддаи 247 баргузор гардад. Маълум нест, ки аз руи ин модда боз чанд соли дигар ба ҳукми ӯ изофа карда мешавад.

 

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика