Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоТутӣ ва шайх

Тутӣ ва шайх

Шайхе шогирдони худро дарси ақида меомӯхт. Ин шайх дар хонааш ҳайвонҳои гуногуне дошт. Рӯзе як шогирдаш барои шайх тутӣ ҳадя кард. Тутӣ ҳар руз аз забони шайх ва шогирдонаш калимаи «Ла илаҳа иллаллоҳ»-ро мешунид ва ин калимаро такрор мекард. Рӯзе шогирдони шайх ба дарс омаданд ва диданд, ки шайх зиқ ҳасту мегиряд.

Аз ӯ пурсиданд: Эй шайх, чаро гиря мекунӣ? Шайх дар ҷавоб гуфт: Гурба ба тутӣ ҳуҷум намуда, ӯро ҳалок кард. Шогирдонаш гуфтанд: Эй шайх, ноумед машав барои шумо аз тутии аввала дида беҳтарашро меорем. Шайх дар ҷавоб гӯфт:

Гиряи ман ба хотири тутӣ нест, гиряи ман ба он хотир аст, ки вақте ки гурба бар сари тутӣ ҳуҷум кард, тутӣ фақат доду фарёд мезад, аммо он калимаи «Ла илаҳа иллаллоҳ»- ро фаромӯш кард ва ба забон оварда натавонист. Чунки тутӣ ин калимаро фақат дар забонаш меронд ва дар дилаш ҷой нашуда буд. Ман аз он метарсам, ки мабодо ин калима дар забони мо бошаду дар дилҳоямон не, пас дар он лаҳзаи марг мо ба сахтии ҷонкандан машғул шавему ин калимаро фаромӯш кунем. Шогирдони шайх ин қиссаро шунида ҳама гирён шуданду аз Худо талаб карданд, ки Худоё ин калимаро на дар нуги забонҳоямон, балки дар дилҳоямон ҷой кун. Ин қиссаро хондаму ба худ андешидам.

Худоё! чи қадар мардумоне ҳастанд, ки ин калимаро тутивор такрор мекунанд…

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика