Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоҲабси пешакии Ҷамшед Ёров ва эътирози мухолифону созмонҳои байналмилалӣ (аксҳо)

Ҳабси пешакии Ҷамшед Ёров ва эътирози мухолифону созмонҳои байналмилалӣ (аксҳо)

Ҷамшед Ёров, вакили дифоъи Муҳаммадалӣ Ҳаит муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ба ҳабси абад маҳкум шудааст ва бародари вакили дифоъи  зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров ба муҳлати 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар додаанд.

Ҷамшед Ёров ҳафтаи гузашта нопадид шуда буд. Ҳангоми ҷустуҷӯи пайвандонаш мақомоти интизомӣ аз бедарак шудани Ҷамшед Ёров сараввал изҳори бехабарӣ карданд  вале баъдан дар расонаҳо нашр шуд, ки  гӯё барои ифшои ҷузъиёти ҳукми аъзои ҲНИТ боздошт шудааст ва алайҳи  Ӯ бар асоси моддаи 311, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (ифшои маълумоти дорои сирри давлатӣ аз ҷониби шахсе, ки ин маълумот ба ў бовар карда шудааст ё вобаста ба хизмат ё кор ба ў маълум гардидааст, агар ин маълумот дастраси дигар шахсон шуда, дар ин кирдори ў нишонаҳои хиёнат ба давлат мавҷуд набошад) айб эълон шудааст.

Боздошти Ҷамшед Ёров нигаронии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро ба бор овард. Чанде аз фаолони сиёсии тоҷики паноҳандаи Олмон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук эълон карданд, ки дар сурати озод нашудани Ҷамшед Ёров назди бинои дафтари СММ дар шаҳри Бонни Олмон даст ба тазоҳурот хоҳанд зад. Дар натиҷа санаи 26 август зиёда аз 100 нафар тоҷикони муқими Олмон назди бинои дафтари СММ дар шаҳри Бонн даст ба тазоҳурот заданд. Аксарияти иштироккунандагони ин тазоҳурот дар руйи худ ниқоб бо ҷеҳраи Ҷамшед Ёров доштанд.  

Тазоҳургарон бо шиор додани  » Мо ҳама Ҷамшед Ёров мебошем», » Озодӣ ба адвокатҳо» ва «Озодӣ ба маҳбусони сиёсӣ» аз мақомоти Тоҷикистон талаб намуданд, ки оҷилан Ҷамшед Ёров аз боздоштгоҳ озод карда шавад.

Фаъоли сиёсӣ Ҷаннатуллоҳи Комил, ки дар ин тазоҳурот иштирок карда буд ба ПАЁМ.нет гуфт: “Мақсади асосии даст ба тазоҳурот задани мо инаст, ки режими худкомаи Раҳмон бо ҳар баҳонаву сабаб фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро бегуноҳ пушти панҷараи зиндон карда истодааст, ки Ҷамшед Ёров яке аз онҳо мебошад.

Ҷаннатуллоҳи Комил афзуд, ки: “Мо дар ҳошияи баргузории ин тазоҳурот бо  намояндаи СММ дар Олмон ҷаноби  Герҳард Балтес (Gerhard Baltes) суҳбати хоса анҷом додем. Ҷаноби Балтес бевосита бо тазоҳургарон сӯҳбат орост ва мо тамоми мушкилии сиёсӣ дар Тоҷикистон ва муносибати золимонаи режими Раҳмон бо мардуми ин кишварро ба тафсил ба у гуфтем. Сипас ба ҷаноби Герҳард Балтес  баёнияи эътирозии ширкаткунандагони ин тазоҳуротро,  ки бо забони англисӣ омода шуда буд, тақдим намудем”


Ҷаннатуллоҳи Комил мегуяд: “Намояндаи СММ аз амалҳои золимонаи ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба мардум ва зиндониён андуҳгин будани худро баён дошта қайд намуд, ки ҳамчун муовини хадамотии СММ дар шаҳри Бонн ин баёнияро ҳатман ба дабири кулли СММ Бан Ки Мун мерасонад ва посухашро ҳам ба мо дастрас хоҳад кард.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика