Saturday, February 7, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲангомаи «Реал-Мадрид»дар Испониё

Ҳангомаи «Реал-Мадрид»дар Испониё

 25-умин давраи бозиҳои футболи Испониё аз бозӣ байни дастаҳои «Ла-Лига» оғоз гардид.

Шоми 1-уми як марти соли ҷорӣ дастаи «Реал-Мадрид» дар майдони худ бо дастаи «Лас-Палмаса»-и Лас-Палмас рақобат кард.

Бозӣ байни ин ду рақиб аз оғоз хуб ҷараён гирифт. Дар дақиқаи 8-ум бозингари мадридиҳо Иско ҳисобро кӯшод, вале аз меҳмонон 3 туби дар дақиқаҳои 10-ум Таунасу ,56-ум Виера (аз пеналти) 60-ум Боатенг дигар хӯрданд.

Бозӣ бисёр эҳсосотӣ ва пуршиддат гузашт ва дақиқаи 47-ум ҳамлагари дастаи «Реал-Мадрид» Бейл бо гирифтани якуякбора ду корти зард аз майдон ихроҷ шуд ва то панҷ дақиқаи пеш аз анҷоми бозӣ ҳисоб тағйир наёфт. Ҳисоб 1-3 ба фоидаи меҳмонон буд.

Аммо билохира дар дақиқаи 86-ум Кристиан Роналдо аз ҷаримаи 11-метра ҳисобро тағйир дод. Дар дақиқаи 90-ум ҳамин бозингар ҳисобро баробар кард, ва бозӣ мусовӣ  3-3 анҷом ёфт.

Бозии даври набатии «Реал-Мадрид» дар сафар рӯзи 4-уми марти соли ҷорӣ бо дастаи футболи «Эйбар»-и Эйбар доир мегардад. Оғози бозӣ соати 16:15 ба вақти маҳаллӣ баргузор хоҳад шуд.

Саид Саидов, махсус барои «Паём»

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular