Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоМо чи миллатем ва кучо равонаем?

Мо чи миллатем ва кучо равонаем?

Рузу рузгор чунин шудааст, ки барои дарки мантикии вокеъият очиз мемони.

Вазъият он гуна шуда, ки намедони фардоят чист ва хамаш меандеши, оё гузаштаамон хам чунин ноайёни дошт? Агар ха, кучост он хислатхои мардуми, ки достонхо суруда шуданд? Агар на, он хама панду хикмату таърих дуруг?

Мо чи касем? Хамчун як миллат бояд чи бикунем? Кучо равонаем? Чаро хама якбора ба як мачро? Агар он сиффатхои достониро дошта будем, чаро имруз чунин хол дорем? Чаро хар касе аз хар макоме, ки коре анчом дод мунтазири таоруфу таъриф хаст?

Чаро ва чи гуна дар ин чомеа аксарият якбора «бузург» шуданд, ки курбон шудани кучактарину оддитаринхоро бо тамасхур кабул карданд? Чаро мо аз бад гуфтани як хоричи меранчем, аммо худамон бо ханчархои захрогин захмхои амиктар мегузорем? Миллати мухочир ва хамакнун дар ба дар. Миллати овораву парешоне, ки ба хамдигар бадбин ва бадгуй. Миллате, ки хам даст ба кафаси сина гузошта, аз бакои он ва сарсупурдагихо барои он мегуфт, нишоне надорад. Миллате, ки хамаш фикр мекунем дигарон назди мо карздор. Миллате, ки хастияш бо бемасъулияти догдор мешавад. Миллате, ки мехохад бори шонахояшро дигарон бардоранд. Миллате, ки аз шахиду зиндониву дар ба дараш нагуфтанро авлотар медонад. Ва агар хам гуфт, бад гуфтанро заруртар медонад. Миллате, ки маргу шикасти ноадолатонаи хаммиллаташро истикбол мегирад. Миллате, ки аз гуногунандеши мегуяду ба дигарандешон нафрат дорад. Миллате, ки хам ба махал ва хам ба гуруххо пора -пора шудааст. Аммо агар ин порашуданхоро ачнабие бигуяд, фигон бар фалак мебарад. Миллати бечоранол, мазлум, овора, бехукук ва аз хама бадтаринаш -бехадаф ва ноумед. 

Худоё, бароямон умедхои тоза, истодагари ва устувори дар хадафхоямон бидех. Аз ин бугзу кинатузи, бадгуйиву рухафтодаги эмин нигах дор, омин!

Аз сахифаи фейсбукии Хумайрои Бахтиёр

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика