Агентии иттилооти «Блумберг» феҳристи 500 нафар шахсони сарватмандтарини оламро интишор намуд. Дар он исми роҳбарони ширкату корхонаҳо, соҳибкорону тоҷирон, сиёсатмадору дигар шахсиятҳои бонуфузи ҷаҳон дарҷ гардидааст.
Чун анъанаи солҳои қаблӣ дар садри ин рӯйхат асосгузори ширкати «Microsoft» Билл Гейтс қарор дорад. Бино ба маълумоти агентии мазкур дороии ӯ 85,6 миллиард доллар рақам зада мешавад, ки ин миқдор баробари наздик ба буҷаи зиёда аз 30 солаи Тоҷикистон мебошад.
Мақоми дуюмро сармоягузор Уоррен Баффет бо сарвати 78,9 миллиард доллар ишғол мекунад. Дар ҷойи сеюм Карлос Смит дорандаи ширкатҳои бузурги коммуникатсионӣ қарор дорад. Агентии Блумберг ҳаҷми маблағи ӯро 53 миллиард доллар арзёбӣ мекунад.
Ҳамин тариқ, дар ин рӯихат даҳҳо нафари дигар аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон сабт шудаанд, ки дороии онҳо аз миллиард доллар бештар аст.