Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳо«Челси»дар садри ҷадвал қарор гирифт (ВИДЕО)

«Челси»дар садри ҷадвал қарор гирифт (ВИДЕО)

Дирӯз, даври 27-уми бозиҳои футболи «Пример Лига»-и Инглистон доир гардид.

Дастаи «Челси»-и Лондон дар меҳмонӣ бо дастаи «Вест-Хам»-и Лондон вохурданд. Бозӣ хело диданӣ ва ҷолиб гузашт ва дар дақиқаи 25-ум ҳамлагари дастаи меҳмонон лигионери белжикӣ Эден Азар ҳисобро кушод. Бо ҳамин ҳисоб нимаи аввали бозӣ ба поён расид.

Диего Коста

Дар нимаи дуюми бозӣ ҳамлаҳо аз ду тараф мушоҳида мешуд ва ҳарду даста хело кӯшиш мекарданд, ки дарвозаҳои якдигарро рахна созанд. Дар ниҳоят дар дақиқаи 50-ум ин бор ба ҳамлагари дастаи «Челси » лигионери испанӣ Диего Коста муясар гардид, ки голи дуюми дастаашро вориди дарвозаи соҳибони майдон кунад.

 

 

Соҳибони майдон бошанд фақат дар дақиқаи 90-ум як голи ҷавобӣ ба дарвозаи меҳмонон заданд. Ин тубро бозингари дастаи Вест-Хам» лигионери Орҷентинӣ Лансини ворид кард. Бозӣ бо ҳисоби 1-2 ба фоидаи дастаи «Челси «-и Лондон хотима ёфт ва соҳиби се имтиёз гардид, ки ин боис гардид «Челси » бо касби 66 хол дар садри ҷадвали «Пример Лига»-и Инглистон қарор гирифт.

Бозии навбатии «Челси » рузи 13-уми марти соли ҷорӣ дар майдони худ дастаи «Уотфорд»-ро кабул мекунад.
Оғози бозӣ соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ баргузор мегардад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика