Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоДомоди Эмомалӣ Раҳмон симкортфурӯширо монополия кард

Домоди Эмомалӣ Раҳмон симкортфурӯширо монополия кард

Дар Тоҷикистон фурӯши симкортҳои телефонҳои мобилӣ аз ҷониби Сиёвуш ва Рамз Зуҳуровҳо, пайвандони Бег Сабурӣ, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон монополия шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон фаъолияти марказҳои диллерие, ки  ба фурӯши симкортҳои телефонҳои мобилӣ машғул буданд, манъ намуда дари онҳоро ба рӯи муштариёнаш бастааст. Бино ба маълумотҳои расонаишуда минбаъд ба ғайр аз ду ширкат «Ошно-групп» ва «О мобайл»  дигар ширкатҳо ҳаққи фурӯши симкортҳоро надоранд.

Тибқи феҳрасти Кумитаи андози Тоҷикистон, ширкати «Ошно-групп» моҳи декабри соли 2015, ба шаҳрвандони Тоҷикистон Сиёвуш ва Рамз Зуҳуровҳо тааллуқ дорад. Аммо дар бораи муассис ва роҳбарияти ширкати «О мобайл» ҳеҷ маълумоте дастрас нашудааст.

Масъулини Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба расонаҳо гуфтаанд, ин танҳо барои ба танзим даровардани фаъолияти ширкатҳои мобилӣ ва чораи амниятӣ буда, ҳар ширкате, ки иҷозатнома дорад, метавонад тиҷорати фурӯши симкортҳои телефонҳои мобилиро ба роҳ монад. Барои он ширкатҳое, ки иҷозатнома доранд, мамониате вуҷуд надорад.

Аммо ҳамчунон, ки маълум шудааст, ширкатҳое, ки то ба ҳол ин иҷозатномаро ба даст овардаанд, яке гумном ва дигаре марбути хонадони сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабурӣ мебошад ва баъид нест, ки ширкати дувумӣ низ марбути ҳамин хонадон аст. Дар ин ҳолат муҳол аст дигар ширкатҳо ҷасорати ба даст овардани иҷозатномаро карда худро рақиб ё конкуренти тиҷорати вазири алоқа намоянду сарашонро дар бало гузоранд.

Сиёвуш Зуҳуров

Сиёвуш Зуҳуров,  роҳбари ширкати «Ошно-групп» писари дуввуми Бег Сабурӣ (Зуҳуров) буда таҳсилдидаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шавҳари Зарина Раҳмонова, духтари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳамчун муштзан дар чандин мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ иштирок кардааст.

 

Бег Сабурӣ

Бег Сабурӣ (Зуҳуров) соли 2004 муовини вазири алоқаи Тоҷикистон ва пас аз ду сол муовини аввали вазир таъин шуда буд.

Баъдан ба ҳайси муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон кор карда, бахши алоқаи кишварро зери назорат дошт.

Аммо дар пайи тақсим шудани Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ба ду идораи мустақил Бег Сабурӣ сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон таъин гардид.

Ҳамзамон раиси Шӯрои директорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» мебошад.

 

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика