Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоДаъвати вазири Фаронса алайҳи бурқинис ва…ҷанги мусалмонону ҷавонони маҳаллӣ дар Корсика

Даъвати вазири Фаронса алайҳи бурқинис ва…ҷанги мусалмонону ҷавонони маҳаллӣ дар Корсика

Лоранс Россинйол, вазири оид ба корҳои бонувон дар Фаронса алайҳи бурқинис ё либоси оббозии занонаи мусалмонӣ, ки ба фарқ аз чунин навъи либоси маъмулии занони ин қаламрав тамоми аъзои бадани бонувонро мепӯшонад, садо баланд кард ва даъват ба амал овард, ки бар зидди истифодаи он муборизаи шадид бурда шавад.
Вазир бурқиниси мусалмонзанҳои Фаронсаро, ки дар ин авохир байни бонубон маҳбубият пайдо мекунад ва истифодабарандагонаш низ дар байни занон зиёд мегардад, “кӯҳнаву ғайримустаъмал” номид. Вай ин назари худро аз тариқи радиои “Europe1” баён доштааст.
Мақомоти Фаронса аз ин пеш пӯшидани бурқинисро дар дар боғи истироҳатии Марсел мамнӯъ эълон карда буданд. Баъдтар мақомоти шаҳри Канн ҳам аз истифодаи он ҷилавгирӣ карданд. Ҳамакнун дар ҷазираи Корсика ин намуди либоси занони мусалмон бадбинони худро пайдо кардааст ва дар ин ҷо низ пӯшидани он комилан мамнӯъ гаштааст.
Ин тасмими мақомоти Фаронса дар байни мусалмонони ин кишвар баҳсҳои гармеро ба бор овардааст. Гуфта мешавад, дар яке аз мавзеъҳои оббозии Корсика байни як гурӯҳи мардуми мусалмонтабор, ки аслан аз кишварҳои Африқо будаанд ва ҷавонони ин мавзеъ занозании хунине сурат гирифтааст. Ду тарафи даргир ҳангоми муноқиша аз табару корду сангу дигар ашё истифода бурда, ба ҳамдигар ҷароҳати зиёд расондаанд.
Таъкид мегардад, ки ҷавонони маҳаллӣ занони мусалмони бурқиниспӯшро, ки машғули оббозӣ будаанд, бо дастгоҳҳои аккосӣ ба сурат мегиранд. Ин амали онҳо ба шавҳарони занҳо маъқул намегардад ва баъд аз гапгузарониҳо гиребони ҳам мегиранд, ки дар натиҷа панҷ нафар аз захми корд бо ҷароҳатҳои сангин ба бемористон интиқол меёбанд. Аз воқеа хабар ёфта, мардуми атроф ҳам ба ҷанг ҳамроҳ мегардад ва се мошини мусалмононро оташ мезананд. Баъдтар бо дахолати полиси минтақа вазъ нармтар мешавад. Дар хабар омадааст, ки полис дар робита ба ин моҷаро парвандаи ҷиноятӣ кушодааст ва тафтишот идома дорад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика