Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоХоҳари Шарофиддин Гадоевро мақомот аз парвоз ба хориҷ маҳрум карданд (АКСУ САДО)

Хоҳари Шарофиддин Гадоевро мақомот аз парвоз ба хориҷ маҳрум карданд (АКСУ САДО)

Хоҳари Шарофиддин Гадоев, фаоли сиёсии тоҷикро бо баҳонаи доштани камбудӣ дар ҳуҷҷатҳояш барои парвоз ба хориҷ аз фурудгоҳи шаҳри Кулоб роҳ надоданд.

Шарофиддин Гадоев ҳини тамос ба мо гуфт, хоҳараш Ҳафизамоҳ Гадоева ба  ҳамроҳи 4 фарзандаш мебоист субҳи 8 март бо хатсайри Кулоб — Маскав павроз кунад, аммо бо баҳонаи камбудӣ дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияташ уро аз парвоз маҳрум кардаанд.

 

Шарофиддин Гадоев , аз шарикони соҳибкори тоҷик Умаралӣ Қувватов буд, ки дар соли 2012 ҳарду тарки Тоҷикистон карда, «Гурӯҳи 24” – як созмони мухолифи ҳукумати кунуниро таъсис доданд. Мақомоти Тоҷикистон ба дунбол ҳардуро ба аз худ кардани 6 миллион сомонӣ пули ширкати «Фароз”, ки ҳоло ба Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад, айбдор карданд ва дар соли 2014 «Гурӯҳи 24”-ро ба рӯйхати созмонҳои мамнӯъ ворид карданд.

Умаралӣ Қувватов соли 2015 дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона дар шаҳри Истамбули Туркия кушта шуд. Шарофиддин Гадоев ҳоло дар яке аз кишварҳои Аврупо  ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ ба сар мебарад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика