Ин хабарро як нафар аз шаҳри Душанбе бароямон фиристод. Ин ҷавон навиштааст, ки падарам аз мардикорбозор як нафарро ба хона овард. Ӯ корашро тамом карду бо ҳам нишаста каме суҳбат кардем. Вақти суҳбат бо ӯ онқадар нороҳат шудаму аламам кард, ки надонистам чикор кунам.
Дар ҳамин вақт сомонаи шумо ба ёдам омад. Бо ӯ машварат кардам, ки ҳама гапҳояшро гӯяд ва ман ба сомонаи шумо менависам.
Ӯ ҳам бо алам гӯфт дар бораи облаваи мардикорбозори Шоҳмансур ҳатман шунидаед. Бъзе вақтҳо милисаҳо ба онҷо ҳамла карда моро бурда бегуноҳ чанд соат ва ҳатто чанд рӯз нигоҳ медоранд. Дар вақти боздошт онқадар таҳқир мекунанд, ки забонам намегардад ба гуфтан. Инки моро мегӯянд ташнобҳоро тоза кунеду дигараш мегӯяд роҳравҳоро бишӯед инҳо таҳқир нестанд. Онҳо бадтарин дашномҳоро ба мо нисор мекунанд. Моро онқадар масхара мекунанд, ки шарм медорам аз гуфтанаш.
Ин ҷавон онқадар маъюсу ноумед буд, ки ҳатто ашки чашмонаш ҷорӣ шуд. Гӯфт мо ба хотири як луқма нони ҳалол барои фарзандонамон аз рӯи маҷбурӣ ба инҷо омадаем. Мо ҳайвон нестем. Мо инсонем.
Ин милисаҳо бо мо мисли ҳайвон рафтор мекунанд. Моро мисли бузу гусфанд болои ҳам ба газел бор мекунанд. Чанд соат манъ карда таҳқиру беэҳтиромӣ мекунанд ва баъд ҷарима мекунанд ва ҷавоб медиҳанд. Охир мо барои кудаконамон кор кунем ё барои нафси ҳарроми ин милисаҳои ҳаромхур? Дар ин мушкилот мо ба куҷо равем? Додамонро ба кӣ гуем?
Агар ба касе шикоят ҳам кунем боз балои сарамон мешавад. Аз дузду ҷинояткор боз ба дузду ҷинояткор шикоят кардан чӣ маъно дорад?
Ин хабарро дидаму натавонистам онро нашр накунам.
Магар ҳамин аст хидмати шаҳрдори наву “сери” Душанбеи азизи мо ба мардум? Шаҳрдори “сер” фақат ҷойҳои ободу зеборо мебинаду афроди мисли худаш серро ва чаро боре ба мардикорбозору аробакашҳову токсиронҳо сар намезанаду аз аҳволашон бипурсад?
Ҳамкасбони муҳтарам аввалан шуморо бо идатон табрик мегӯям. Дуввуман аз шумо хоҳиш мекунам, ки ба дарди мардум расидагӣ кунед. Шояд бад набошад шумо Хуршеди Атовулло, Раҷаби Мирзо, Сайёфи Мизроб, Адолати Мирзо, Раҳматкарими Давлат, Мирзонабӣ Холиқзод, Завқибек Сайидаминӣ, Фаридуни Раҳнавард, Абдулазизи Восеъ, Сайдэҳсони Солеҳ, Миҷгона Ҳалимова, Лидя Исамова ва садҳои дигар ба ин қишри маҳрум таваҷҷӯҳи бештар кунед.
Танҳо шумо метавонед пеши роҳи зулми ин амнияту милисаҳои ҷинояткорро бигиред. Танҳо шумоҳо метавонед ба доди ин бечораҳо бирасед.
Агарчӣ медонам кори шумо ҳам чандон осон нест. Медонам, ки аз аксарияти шумо ҳам аллакай бозҷуӣ кардаанду имзоҳое гирифтаанд. Аммо шумо тавонотар аз онҳоед!
Ба қавли Сайёф шумо МЕТАВОНЕД!