Monday, June 16, 2025
ads
HomeХабарҳоКормандони Тоҷиктелеком: 3 моҳ мешавад маош нагирифтаем

Кормандони Тоҷиктелеком: 3 моҳ мешавад маош нагирифтаем

Ба гуфтаи яке аз кормандони тоҷиктелеком дар шаҳри Душанбе кормандони ин ниҳод моҳи севвум аст, ки маош нагирифтаанд. Ин корманди тоҷиктелеком, ки нахост номаш фош шавад мегӯяд, дар ноҳияҳо ва вилояти Бадахшон ҳудуди 6 моҳ мешавад, ки кормандони тоҷиктелеком маош намегиранд. Аммо намедонанд чикор кунанд ва ба куҷо шикоят намоянд.

Ӯ бо шиква илова намуд, ки мо медонем, ки дар чандин сохтмонҳои раиси Тоҷиктелеком корҳои сохтмонӣ идома дорад ва ба кормандони он маош ҳам медиҳанд. Аммо ба мо кормандони тоҷиктелеком касе аҳамият ҳам намедиҳад.

Қобили зикр аст, ки тоҷиктелеком яке аз ширкатҳои бонуфуз ба қудои Президент Бег Сабур тааллуқ дорад. Ҳоло кормандони ин ширкат медонанд, ки шикояташон ба ҷое нахоҳад расид ва ба ҳамин хотир рӯ ба матбуот овардаанд.

Аммо саволи матраҳ ин аст, ки будҷаи тоҷиктелеком ба куҷо меравад ва Бег Сабур агар рӯзе ҷуръат карда ба назди хабарнигорон баромад бояд ҳатман дар ин масъала ҳам ҷавобе дошта бошад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?