Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоИвази доллар бо пули миллӣ дар Тоҷикистон маҳдуд шуд

Ивази доллар бо пули миллӣ дар Тоҷикистон маҳдуд шуд

Бонки миллии Тоҷикистон барои фурӯши доллар дар бонкҳои ватанӣ, маҳдудияти наве ба роҳ мондааст.

Тибқи гузориши хадамоти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон, акнун ҳар шаҳрванд танҳо бо ироаи шиносномаи хеш метавонад, маблағи то 200 долларро дар як дафъа харидорӣ кунад.

Бонки миллии Тоҷикистон ахиран эълом кард, ки ба манзури танзими муомилоти арзӣ дар ин кишвар, ки аз авоили моҳи марти соли ҷорӣ, дучори нобасомонӣ шуда ва заминаи афзоиши бесобиқаи қимати долларро фароҳам кардааст, даст ба эъмоли маҳдудият барои хариди доллар хоҳад зад.

Ин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳафтуми марти соли ҷорӣ, арзиши долларро дар баробари сомонӣ дар бозори мубодилоти арзӣ, 8 сомону 4 дирам эълом кард, ки ин рақам пеш аз ин 7 сомону 99 дирам буд.

Дар ҳоле, ки авоили моҳи феврал, як доллар дар баробари 7 сомону 90 дирам то 7 сомону 93 дирам хариду фурӯш мешуд, аммо акнун дар бонкҳои ватанӣ, ҳар доллар ба қимати 8 сомону 13 то 15 дирам муомила мешавад.

Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон, иллати афзоиши арзиши долларро тақозои зиёд барои хариди он ва коҳиши мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия унвон мекунанд.

Коршиносони ин соҳа бар ин назаранд, ки ин тасмими бонки миллӣ ба рушди соҳибкорӣ латма хоҳад зад, чун асосан Тоҷикистон кишвари истеъмолкунанда буда, соҳибкорон бештари молу колои ниёзи мардумро аз хориҷ ворид мекунанд.

Барои ворид кардани мол асосан доллар лозим аст, вале молу коло дар кишвар бо пули миллӣ ба фурӯш меравад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика