Пас аз се соли беҳосилӣ, имсол зардолуҳои Ашт ҳосили фаровон овардаанд. Аммо ба назар мерасад интизории деҳқонон ва тоҷирон бароварда нашуд: набудани коргар ва нархи бисёр поинрафтаи зардолу онҳоро ба мушкилоти зиёде мувоҷеҳ кардааст.
Зардолу ба табақаҳои гуногуни сокинони Ашт аз манбаъи аслии даромад маҳсуб мешавад. Ҳазорҳо гектар боғҳои ин меваи серхаридор солона миллионҳо сомонӣ ба сокинони ин ноҳияи дурафтода даромад меорад, аммо се соли гузашта бинобар ҳавои номусоид, ки замони гули зардолу барф мерехт ё ҳарорати ҳаво зери сифр мешуд, зардолуҳо ҳосил надоштанд.
Ин ва дигар сабабҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ сабаб шуд ҳазорҳо хонавода, ки зиндагиашон комилан аз ҳосили зардолу вобаста аст, ба Русия кӯч банданд. Ҳоло дар бархе деҳаҳои Ашт аз чаҳор ҳавлӣ ба дари сетояш қулф зада шудааст. Паси он як дари боз ҳам асосан пиронсолон зиндагӣ мекунанд.
Имсол ҳаво мусоид омад ва дарахтони се сол истироҳаткардаи зардолу ҳосили фаровон оварданд. Шохи бархе дарахтон аз бори мева мешикананд. Аммо касе нест ин ҳосилро ҷамъ кунад.
Деҳқонон мегӯянд барои ҷамъоварии ҳосил коргар пайдо намекунанд. Ҳақи кори як коргар барои як рӯз 200 сомонӣ шудааст. Гузашта аз ин барои овардани коргар ва хӯроки ӯ ҳади ақал 50 сомонии дигар масраф мешавад. Дар умум, деҳқоне, ки рӯзона 8 коргар киро мекунад, бояд 2000 сомонӣ масраф намояд. Бархе деҳқонон, ки заминҳои бузургтар доранд, ба 30-40 коргар ниёз доранд.
Аммо бо вуҷуди нархи бисёр гарони кор, коргар пайдо намешавад. Деҳқонон аз пайдо нашудани коргар ва талаф шудани ҳосил дар пайи он шикоят мекунанд. “Ҳар рӯз барои пайдо кардани коргар ба деҳаҳои атроф меравем, аммо касеро пайдо намекунем. Ҳамон чанд зану кампиреро ҳам, ки дар деҳаҳо боқӣ мондаанд, чашми рӯз накафида деҳқонони чаққон аллакай бурдаанд”, — мегӯяд яке аз онҳо.
Ҳар сол садҳо хонаводаи тоҷир аз худи Ашт ва Конибодому Исфара барои харидани ҳосил ва сипас ҷамъовариву хушк кардани он ба боғҳои зардолу меомаданд. Имсол шумори онҳо ҳам бамаротиб камтар шудааст. Ҳиҷрат аз Конибодому Исфара низ камтар аз Ашт нест. Деҳаҳои ин ду ноҳия ҳам ду сол охир тақрибан холӣ шудаанд.
“Як хонаводаи исфарагӣ ҳосили замини ҳамсояи моро харид. Баъди се рӯзи шурӯъи кор нархи бозорро дида ҳуш аз сараш парид. Ҳоло ҳар кило зардолуи хушк дар бозор 2,5-3 сомонӣ қимат дорад. Зардолуе, ки ӯ хушк крада истодааст, ҳар килояш 6-7 сомонӣ тамом мешавад. Бо соҳиби боғ баҳс дорад, ки ё қиматро поин биёрад ё пулашро баргардонад” — нақл кард деҳқони дигар.
Қимати ҳар кило зардолуи хушк соли гузашта 20-30 сомонӣ буд, имсол 2,5-3 сомонӣ шудааст, яъне даҳ баробар арзонтар. Деҳқонон мегӯянд агар қиматҳо ҳамин гуна боқӣ монанд, маблағи барои коргарон масрафкардаашонро ҳам баргардонида наметавонанд, чӣ расад ба даромад гирифтан аз ҳосил.
Ҳосили зардолу на танҳо ба деҳқонон, балки садҳо тоҷир, ки онро ба хориҷ аз кишвар содирот мекунанд, манбаъи даромад аст. Се соли охир бештари ин тоҷирон ба тиҷоратҳои дигар гузаштанд, ки зарбаи дигаре ба қимати ин меваи хуштаъму қаблан серхаридор дар бозори ноҳия задааст. Ҳазорҳо деҳқон ва сокиноне, ки дар ҳавлиашон ин дарахтро доранду мунтазири пӯхтани он буданд, то бо фурӯхтанаш маблағе ба даст оранд, ба бозорҳо рехтаанд, аммо аз харидор дараке нест.
Ҳазорҳо хонавода дар деҳаҳои ин ноҳия ҳар сол аз кор дар боғҳои зардолу ҳади ақал қисмате аз масорифи рӯзғори худро таъмин мекарданд. Гулҳои зардолуро, ки се соли охир хунук мезанад, ин ҳазорҳо хонаводаро водошт дар ҷустуҷӯи кори дигар шаванд. Аксари онҳо албатта роҳ сӯи Русия гирифтанд. Ҳоло деҳқонон коргар пайдо намекунанд, то ҳосили деринтизори зардолуро ҷамъоварӣ кунанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

