Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоМаҷлиси ботантана ё машқи пагоҳирӯзӣ

Маҷлиси ботантана ё машқи пагоҳирӯзӣ

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таҷлили Рӯзи модарон:

Рафти ин суханронӣ дар шабакаи интернетӣ ҳудудан 55 дақиқаро дар бар мегирифт. Дар ин муддат–бовар карданаш мушкил ҳам бошад—беш аз 70 маротиб кафкӯбӣ ва қариб 20 навбат хонумҳо аз ҷой хезонда шуданд, ки ба он ишораҳои бо даст, ҳатто гуфтани Призидент –шиштанда наметофтаст—ва мукаррар аз ҷой бархостани як идда аз мардоне, ки мансабдор вонамуд мешуданд, афзоиш бахшид.

Бояд ҷашни муҳимм ва махсусан бо иштироки нафари аввали кишвар дар сатҳи баланд доир гардад. Аммо баҳрбардорӣ аз он ҳам мебояд ба андозаи ҳазинаи масрафшуда, балки бештар аз он дар назар гирифта шавад. Локин фикр накунам касе аз ҳозирин дар фикри суханронӣ буда бошанд, зеро дар бисёр маврид кафкубӣ ва хестану нишастанҳоро дарёб карда намешуд.

Бо ин ҳол, яқинан ин як тамрин (разминка)-и хуби пагоҳирӯзӣ буд. Банда ба масоиле аз ин қабил кам тавҷҷӯҳ зоҳир мекардам. Чун бароям муҳим набуданд. На аз он хотир, ки ҷашнҳои миллӣ бароям беаҳаммият мебошанд. Худо накунад, барои ман ҳам Ватан, истқлоли он, модар ва артишу муқаддасоти майҳанам азиз ҳастанд. Аммо аз он ҷо, ки ин ҷашнҳо дар кишвари мо ба саҳнаҳои мадҳу санохонӣ, танқиду ҷудоиандозӣ мубаддал шуда, ба ҷои ибрату фоида, мусибатафзо гардидаанд.

Беш аз ду даҳҳааст ин ҳолат рушд карда, бо такрори суханҳои боло ба боло ва дар бисёр мавридҳо миннат ниҳодану таҳқир кардан, ки на танҳо барои банда гушбазан, балкӣ барои нафарони зиёде онҳо пеш аз таҷлили хеле аз ҷашну маросимҳои миллӣ маълум мебошанд. Бо ин вуҷуд, воқеъан толор, сарулибос ва ҷо ба ҷоии иштироккунандагон ва умуман банду басти аудиторя ва истиқбол аз раиси ҷумҳур хело дар сатҳи баланд буд.

Албатта масъулини кумитаи тадорукот заҳмати фаровон кашиданд. Ҳазинаи сарфаш ҳам фикр накунам кам бошад. Фақат мешавад сухани раиси ҷумҳурро, ки хитоб ба дӯзандагону ороишгарон ироа кард: “мана ҳамин шаб, дирӯзу имрӯз кошонаҳои ҳусн кори яксолаашонро гирифанд”, мешавад шоҳид овард, ки ҳамаҷиҳата омодагиҳо дида шудааст. Мулоқот бо бонувон буд.

Бино бар ин аз иштироки фаъоли онҳо дар саҳаҳои гуногуни мансабҳои раҳбарикунанда ва маҳаллӣ сухан рафт, вале чеҳраҳои бонувони намоёни илмӣ, адабӣ, ҳунарӣ ва қаҳрамонони меҳнат дида намешуд. Эҳтимол дар сари кору вазифа буданд ё шояд тарки Ватан намуда, ба Руссия ва кишварҳои урупоӣ думболи кору паноҳанда шудан бошанд.

Пӯшида нест, ки бештари қувваи корӣ аз ҳисоби мардон берун аз Ватан сафарбар мешавад. Аксарияти онҳро ҷавонон ташкил мекарда бошад ҳам як фоизи калони он аз ҳисоби мутахассисони соҳаи маъориф ва бахусус таълиму тарбия, муъаллимон ва хоҷагидорони соҳибтаҷриба мебошанд.

Гувоҳи ин гуфтаҳо ишораи раиси ҷумҳур аст, ки гуфт: “70% соҳаи маориф аз ҳисоби бонувон буда, раисони хоҷагии деҳқониро бистҳазору панҷсад нафар ташкил мекунанд…” Ин ҷо зарӯр аст ёдовар шуд, ки ин ду соҳа: маориф ва хоҷагидорӣ аз муҳимтарин ниҳодҳо дар ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад. Аввал дар бардоштани савияи дониш ва маърифати маънавӣ-сиёсӣ ва дуввум барои таъминоти моддӣ ва рӯзгузаронии мардум асосӣ мебошад.

Хидматҳои бонувон дар соҳаҳои мазкурро нодида намегирем, аммо бояд қабул дошта бошем, ки талаботи зарурӣ болотар ва аҳамият додан ба он асосӣ мебошад, ки тавони танҳо бонувон ба ҳамаи он танқисӣ мекунад. Мо борҳо шоҳиди саҳнаҳои адаб додани роҳбарони синф ё мудирон ва аҳёнан дирекорони мактабҳои миёна шудем, ки ҳангоми бим додан ва гушмолӣ муъаллима талаба ба ҷои аз сарзаниш ҳарос дошта, ибрат бигирад механдад, ки ин баръакс болои дигар талабагон тасири бад мегузорад.

Сиёсати қавии муъаллим мебояд, то хонандаи синфи 11—ро, ки ҷавони нерӯман шудааст, таъсир карда, маҷбур ба хондан ва тарбия гирифтан кунад.. Соҳаи хоҷагидорӣ низ бошад, ниёз ба мутахассис ва мардони қавитаҷрибаи кордон ва дастгирии ҳамаҷониба дорад, то битавонад ин соҳа ниёзҳои рузгузарониро дар дохил бароварда кунад ва пеши роҳи воридоти хориҷиро дар ин самт коҳиш бидиҳад.

Ба зами ин ҳама “беҳтар аз падару модар” ба бонувон тавсия шуд, то баъди баргаштан аз кор дар хона ба шуғли адрасбофӣ машғул шуда, дар асри нантехнологӣ аз интернет салат таёр кардану таъом пухтанро биёмӯзанд. Бо як насиҳати хотирмони – номаълум- аз модари ҷигарбандгумкарда, дар солҳои 1992-1997 бонувон ҳам дар ин рӯзи ҷашн ба ҳодисаҳои хунини он даврон бим дода шуданд. Ибораҳои: “модари ман, худораҳматӣ, хислатҳои вай дошт..” Чӣ?! Ва “баъзе, на ҳама хушдоманҳо хислати вай доранд..” Хислати чӣ?! “Барои ҳамин баъзе оилаҳо вай мешаванд…” Чӣ мешаванд?! ҳам мисли дигар баромбадҳо дида мешуд. Бояд гуфт, ки як чизи тозае дар мулоқот тавсияи хубе барои бонувон буд, ки аз эшон хоста шуд, то аз заҳмати кори мардони худ қадрдонӣ кунанд. Махсусан вақте мардон ба Русия барои дарёфти ризқу рӯзӣ мераванд, набояд бе парво сарфу харҷи зиёдатӣ кунанд…

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика