Ҷаноби президент! Дар ин 25 соле, ки Шумо сарвари давлати Тоҷикистон мебошед ман хамчун як шахрванди ин кишвар барои нахустин бор ба Шумо эҳтиромона муроҷиат менамоям.
Шояд ҳамакнун ҳам муроҷиат намекардам агар бедодию беҳуқуқӣ нисбати мардум, ва зери пой кардани қонунхоро дар фаъолияти ҳуқуқшиносии худ мушоҳида намекардам. Лозим ба ёдоварист, ки давлати абаркудрати СССР- ро изофанависию оморсозӣ, мансабпарастию курситалошии хизматчиени давлати аз ҳам пошид.
Ногуфта намонад,ки коммунистҳои шуравӣ бо вуҷуди ин ки думболи вазифа ва мукофот буданд, оморхои маснуи месохтанд, аммо инсоф доштанд ва дар баробари ин хама манфиатҳои мардумро зери по намекарданд, озор намедоданд, беасос зиндон намекарданд, тамғаи «террористу экстремист»- ро бе далелу бурҳон намечаспонданд.
Тоҷикистон истиклолияти худро ба даст оварда, як кишвари мустакил шинохта шуд ва хамчун давлати сохибихтиер бо забони точики, урфу одат, расму оин ва анъанахои ниегон шакл ефт, истикболу шоистаи эътироф мебошад. Бо гузашти чандин садсола собит гардид, ки миллати мо соҳиби таърихи куҳан буда дорои забон ва фарханги воло мебошад.
Фарзонахои миллат хазорсолахо кабл ба миллати точик ашъори худро бахшидаанд, панду сано хондаанд, газалу рубои сароидаанд, шохасару шеъру суруд эҷод кардаанд. Абуали ибни Сино миллати моро бо ҳикмати худ ба чахон муаррифи кард. Имруз чахон Синоро хамчун Авиценна мешиносад. Ва аммо як санади судие,ки дар ин чанд рузи ахир аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон содир шуд то андозае обруи кишвари моро хатшадор кард. Яъне Додгоҳ як ҳуқуқшиносро барои истифодаи рубоиёти Абуалӣ Сино маҳкум кард ва ин хабар дар расонаҳои бозтобе пайдо намуд,ки дар Тоҷикистон додгох Синоро ба ду сол хукми зиндон махкум кард.
Магар нависандагону шоирон ашъори худро барои хондан эъчод накардаанд? Ое барои хондани ашъори гузаштагон зиндон кардан аз руи инсоф аст? Фикр намекунам, ки Шумо аз тақдири як вакили шинохтаи точик, химоятгари хукуки инсон Бузургмехр Еров маълумоте надошта бошед. Чун зиеда аз як сол мешавад, ки ӯ ба 25 соли зиндон маҳкум шуд ва аз сахфаи ВАО-и ватани то ба чахониен расид.
Наход дар як кишвари хукукбунед, ки риоя ва хифзи хукуку озодихои инсон яке аз арзишхои Оли эътироф шудаанд вакили дифоро барои химоят аз хукуки инсон ва кироат кардани рубоии Абуали ибни Сино ба 25 сол равон ба зиндон кунанд! Пас дар кишваре, ки химоятгари хукуки инсонро махкум мекунанд, хукукбунед будани давлатро ба шуба намебаранд? Бубинед, имруз ВАО-и хоричи менависанд, ки додгохи точик Авиценнаро ба ду сол махкум кард. Онхо наменависанд ки Еровро зиндон карданд. Чунки Еровро додгохи Оли барои қироат кардани рубоии Сино дар асоси аризаи судяи суди шахри Душанбе ва прокурори парванда суд кард.
Бузургмехр Еров дар мурофиаи судӣ зимни кироати сухани охирин ба хотири хифзи миллат, кахрамонони миллати точик Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум, ки бо супориши Сталин бо мақсади нест кардани фарзонаҳои миллати мо ба катл расонида шуда буданд, аз рубоии Сино ба унвони намуна якчанд мисраъ овард : Бо ин ду – се нодон, ки чунон медонанд, *Аз ҷаҳл , ки донои ҷаҳон эшонанд. Хар бош, ки ин ҷамоъа аз фарти харӣ’,Хар ки на хар аст, кофираш мехонанд”. Агар воқеиятро арз кунам Бузургмехр Еров аз дилсузӣ ба қахрамонони Точикистон ва ин сатрҳоро қироат кард.
Ӯ дар назар дошт, ки соли 1937 чанд тан прокурори берехму судяи беинсоф чи кадар олимону зиеиен ва аз он чумла Шотемуру Нусратулло Махсум ба катл расонида шуданд ва даъват ба рох надодан ба хатогии додгохи буд. Аммо судя ва прокурори парванда рубоии Синоро ба хаки худ тахкир кабул намуда бо ариза мурочиат карданд. Бахс ба миен меояд, ки агар судя рубоии Синоро аз забони Еров шунида худро тахкиршуда эътироф кард, чаро марбут ба парвандаи чинояти хукм содир кард?
У аллакай чабрдида буд. Бубинед, ки шаъни давлатро ки паст мезанад ва ки ба имичи Точикистон рахна ворид мекунад. Магар дар ягон кишвари кунчи дуне дидаед, ки хукми шахсро чабрдида содир кунад? Магар ин хукмро конуни гуфтан хандаовар нест? Вале Суди Оли ин хукми хандахариши аз чониби чабрдида содир шударо дастгири намуда бе тагйир мононд. Ва илова бар ин Суди Оли Абуали ибни Синоро низ суд карда ба болои чазои 23 соли суди шахри Душанбе ду сол зам кард. 25 сол барои кадом кирдор? Барои катли инсон аз 15 то 25 сол чазо пешбини шудааст.
Ба террорист 8-9 сол чазо медиханд, барои чандин тонна маводи муходар то 20 сол чазо, аз ин зиед не. Бузургмехр Еров ва Нуриддин Махкамов аз хукуки боздоштшудахои собик ХНИТ химоят мекарданд, ки ВКД худи онхоро дар асоси айбномахои сунъи парвандаи чинояти боз намуда хабс кард. Барои химоятгар мансубияти хизби, мавкеи сиеси, миллат, дин, нажод мухим нест. Химоятгар сиесатмадор ва е узви ахзоби сиесиро не, инсонро химоят мекунад. Аз ин кабл Бузургмехр Еров дар бахсхои иктисодии байни бархе аз хешовандони Шумо бо точирон марбут ба бозори нохияхои Шахритуз, Шаринав ширкат намуда, фикр мекунам ахиран хабси у фармоиши буд, ки дар он бархе аз вазирони ниходхои интизоми манфиатдор буданд.
Аз ин ру фикр мекунам ки зиндон кардани Еров ва Махкамов дар баробари сиеси буданаш инчунин чанбахои иктисоди бо максади пулшуи дорад. Дар баробари ин, Еров дар интихоботи парлумони хамчун номзад ба вакили ширкат карда, бинобар ба кайд гирифта нашудани номзадиаш дар бахси додгохи ва бо Раиси комиссияи интихобот аз тасмиму орзу ва хадафхояш изхор намудааст, ки у дар интихоботи президенти дар соли 2020 номзадиашро пешниход мекунад. Магар сарбозе, ки орзуи генерал шудан надорад у сарбоз аст? Ое Конститутсия ба мардум хукуки интихоб кардану интихоб шуданро надодааст?
Шумо хамасола дар баромадхоятон дар Рузи кабули Конститутсия кайд мекунед, ки «Конститутсия сарнавишти миллат, оинномаи давлату давлатдори, озодии баен, сухан, интихоботи шаффоф, риояи хукуки инсон, гуногунандеши яке аз арзишхои оли буда, президент кафили риоя ва хифзи хукуку озодихои шахрвандон мебошад». Пас, барои орзу, орзуи президент шудан таъкиби мардум аз руи Конститутсия мебошад? Ин хама сабаб шуду, имруз додгохи номустакили точик ду нафар химоятгарони хукукро ба 25 ва 21 сол махкум кард. Чаноби президент! Бори дигар мегуям, ки ман тули 25 сол ба Шумо ягон маротиба мурочиат накардаам, чун гуфтание надоштам. Ягон маротиба аз наздик надидаам ва вонахурдаам, гарчи хостори инро шавам хам, намемонанд.
Зеро вохури бо Шумо аз Шумо вобастаги надорад. Шумо инро хал намекунед. Ин корро дигарон мекунанд ва аз дигарон вобастаги дорад. Гарчанде дар дигар давлатхои вокеан демократи мардум ихтиеран ба дидори президенташ мераваду хеч масъулине садди ин рох намешавад. Аммо, ман Шуморо сарзаниш намекунам ва ният хам надорам. Саришта кардани оиларо бо чахор фарзанд ва бо хама мушкилихояш дарк мекунам, кучо монад 8 миллионро!
Ман аз Шумо бахшиши чазоро талаб намекунам, зеро ин ба гунахгор ва шахси чиноят содиркарда роич аст, аммо Бузургмехр Еров чурме гунох надоранд, 25 сол зиндони танхо ба хотири касду гарази шахсони алохида сурат гирифтааст. Ман аз Шумо танхо бозбинии парвандахои чиноятӣ дар нисбати Еров ва Махкамов хохиш мекунам. Бехтарин иззату икром ин арч гузоштан ба конун, риояи конун, бечуну чаро ичро намудани конун мебошад. Ва хотиррасон мекунам, ки зери ин қонунҳо имзои Шумо гузошта шудааст. Бо эҳтиром ҳуқуқшиноси тоҷик Файзиниссо Воҳидова
Аз сахифаи фейсбукии Файзиниссо Воҳидова