Saturday, May 17, 2025
ads
HomeХабарҳоТазоҳуроти тоҷикон дар Олмон барои дифоъ аз Бузургмеҳр Ёров

Тазоҳуроти тоҷикон дар Олмон барои дифоъ аз Бузургмеҳр Ёров

Ҳудуди 50 нафар аз фаъолони сиёсӣ ва мухолифини тоҷик имрӯз 23 март дар назди дафтаи Комиссиюни Аврупо дар Бонни Олмон бо талаби озодии Бузургмеҳр Ёров, вакили шинохтаи тоҷик тазоҳурот карданд.   

Дар ин ҳамоиши эътирозӣ намояндагони ҲНИТ, “Гурӯҳи 24”, бародари Бузургмеҳр Ҷамшед Ёров ва вакили дифоъи ӯ Муаззама Қодирова ширкат ва суанронӣ карданд. Ҷараёни ин тазоҳурот тариқи фейсбук низ мустақим пахш шуд.

Баромадкунандагон зикр карданд, ки Бузургмеҳр Ёров барои барқарории адолат то охир истодагарӣ кард ва бо вуҷуди фишорҳои бесобиқа ҳозир нашуд аз мавқеъи шаҳрвандиаш даст кашад. Бародари ӯ Ҷамшед Ёров зимни баромадаш қайд кард, ки мақомот на танҳо ба худи Бузургмеҳр, балки ба ҳамсару фарзандони ӯ, падару модараш ва хоҳару бародаронаш фишор оварданд, вале иродаи қавии ӯро нашӯтавонистанд бишкананд.  

Ширкаткунандагони тазоҳурот изҳор карданд, ки онҳо низ барои озодии Бузургмеҳр ва барқарории адолат то охир мубориза хоҳанд кард. Тибқи иттлои ширкаткунандагон, ин ҳамоиш бо ибтикори Вайсиддин Одинаев, фаъоли сиёсӣ ва бародари Эҳсон Одинаев, маъруф бар сарафрози Оламафрӯз ташкил шудааст.

Тазоҳуркунандагон баёнияи ҳамоиши эътирозиро, ки бо забони русӣ нафишта шудааст, таслими дафтари Комиссиюни Аврупо карданд, ки матни он ба шакли зер аст:

Мы, подписавшие настоящую петицию, настоятельно призываем Еврокомиссию принять в срочном порядке необходимые меры по оказанию давления на правительство РТ в целях освобождения политзаключенного Ёрова Бузургмехра. Ёров Бузургмехр честно и добросовестно выполнял объязанности адвоката, защищая членов Высшего Совета Партии Исламского Возрождения Таджикистана, а также активиста политического движения «Группа 24» Умеджона Солехова. Бузургмехр Ёров был незаконно арестован, и против него было сфабриковано несколько уголовных дел. Ему была предложена свобода за отказ от предоставления услуг по защите членов ПИВТ. Ёров не побоялся и не отказался от своих принципов как истинный правозащитник, адвокат и настоящий патриот своей страны. В настоящее время он находится в местах лишения свободы. Следствие в его отношении велось с грубыми нарушениями норм процессуального и международного права. Незаконный арест, ограничение доступа к адвокату, сокрытие материалов дела, судебный процесс с нарушениями, недопуск средств массовый информаций, его родственников и международных представителей к судебному процессу и к нему — это только малая часть нарушений его прав. Власти Таджикистана грубым образом ущемляют не только права Ёрова, но и нарушают все международные правовые акты в сфере уголовного судопроизводства в стране в целом. Поэтому, обращаясь к Еврокомиссии, мы призываем страны Евросоюза и мирового сообщества принять безотлагательные меры в отношении Таджикистана и потребовать соблюдения прав и свобод человека,  а также потребовать пересмотр дела Ерова Бузургмехра и его оправдания.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика