Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоПарандаҳои муҳоҷир ба куҷо раванд

Парандаҳои муҳоҷир ба куҷо раванд

Фарорасии фасли баҳоро бори дигар ҳуҷаста бод!

Бо расидани баҳор ва рӯйидани забзаву гул инсон ҳам беихтиёр мафтуни офариниши ин манзараҳо ва шукӯфтагҳо мегардад, ба хусус дар Ватани азизамон, ки чор фасли сол бо рангу ҳавои хос меояд, зимистони сард ва сафедпӯш, баҳори сабзи сербориш, тобистони офтобӣ ва рангоранг, тирамоҳи зарин.

Аз ин хотир бошандагони ин диёр ҳар куҷо бошанд, фаслҳои Ватан бо нақш ва тафовутҳои хос барояшон хеле азиз аст, Ҳар куҷое бошанд баҳори Ватан барояшон баҳор аст. Рангорангии табиату резиши борон, тобиши офтобу ҷилваи маҳини гулу райҳон, шабҳои маҳтобӣ ва шабнами пагоҳӣ хоси Ватани нозанини мост!!!

Бо омадани баҳор қалби фарзандони ин диёр барои Ватан пар-пар мезанад. Онҳое, ки берун аз диёр паи касбу кор рафтанд, шояд камтар эҳсос кунанд, вале инро касоне дарк мекунанд, ки маҷбуранд, ки ба Ватан наравад ва ҷои рафтан ҳам надорад. Бахусус донишҷуён, ки дар кишварҳои исломӣ таҳсил мекунанд!

Фарзандоне, ки волидонашон маҷбур ҷою маконашонро тарк карданд! Касоне, ки дуртарин хешовандашон садо аз ҳақиқат баланд кардааанд! Оре, ин парандаҳои муҳоҷир намедонанд куҷо раванд? Аз дафтари хотироти донишҷӯӣ дар фироқи Ватан! Баҳор муборак бод ватан! Омад-омади баҳор ҳуҷастапайро пас торикиҳову сардиҳои зимистон, бароятон табрик мекунам, эа Ватан! Бароятон бодҳои фораму рангинкамонҳои баҳоронро хоҳонам. Бошад ки ин баҳор баҳори воқеъии ту шавад.

Баҳори шукӯфоӣ ва рифоҳу зиндагӣ! Мехоҳам дар ин баҳор туро аз қафас озоду ҳамаи фарзандонатро дар оғӯшат бубинам. Ту аз мо наранҷ, Ватанам, ҷону танам, ҷон бар танам, эй миҳани маҳзуну мазлум Ватанам, агарчи мо аз ту дур бошем ҳам ҳамеша бо ёди ту ва хаёли туем. Ҳама ҷо ифтихор аз он дорем, ки фарзанди ту ҳастем. Агар чун Рӯдакӣ кӯрам намоянд, Зи оғӯшат Ватан дурам намоянд. Зи бӯят боз аз нав зинда гардам, Тоҷикистон, Тоҷикистон Ватанам.

Медонӣ, ки мо фарзандони содиқи ту ҳастем ва меҳри туро дар дилу дида дорем. Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар, Хори Ватан аз лолаю райҳон хуштар. Аммо чи илоҷ,ки гуруҳе аз фарзандони бехирадат моро аз хонаву дар ва аз марзу бумат маҳрум сохтанд ва бо туҳматҳои сохтаву бофта ва ноҷавонмардона аз канорат ҷудо намуданд. Моро дур сохтанд ва туро пора-пора мефурӯшанд.

Магар фарзанд модарашро мефурӯшад?! Магар фарзанд ба модараш чунин рафтор мекунад?! Ин аст амонат ва вафодорӣ?! Дар ин айёми шукӯфтанҳо ин гуна ҳасрат доранд донишҷӯён ва наврасони дур аз ватан. Шояд суол пайдо шавад, ки чаро рафтанд? Кӣ онҳоро маҷбур сохт? Онҳо низ ин суолҳоро борҳо мепурсанд ва ҷавоб меҷӯянд. Чаро? Онҳо бояд маҳрум бошанду дур Ватан дар ҳоле, ки гуноҳе надоранд.

Ин суолоте ҳаст, ки дар ҳар хонаводаи муҳоҷири тоҷик ҳар субҳу шом садо медиҳад. Кӣ ҷавоб мегӯяд ва чӣ мегӯяд? Ҳақиқат бояд гуфта шавад! Эьтироф кунед, ки ба сулҳу ваҳдат хиёнат кардед! Аз дафтари хотироти донишҷӯ.

«Ба даргоҳи Худованди қодиру тавоно дуъо мекунам, айни дуоъи паёмбар Иброҳим (дуруди Худо бар ӯ бод) ки гуфта буд. «……Ай Парвардигор ман, ин шаҳрро ҷои амне гардон ва аз мардумонаш ононеро, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд аз ҳар самара рӯзӣ бидеҳ». Сураи Бақара 126

Таманно дорам,ки ин бедории табиатат бедории тамоми миллати тоҷик шавад ва ҳақро аз ботил, дӯстро аз душман, хоинро аз амин фарқ карда тавонанд.

Мунисаи Солеҳ

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика