Бо баробари аз олам гузаштани президенти 78 солаи Ӯзбакистон Ислом Абдуғаниевич Каримов, ки ҳанӯз Тошканд аз иттилои расмӣ дар ин робита худдорӣ месозад, ба дасти кӣ гузаштани масъали идораи кишвар ба баҳсҳои доғе дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳи иҷтимоии интернет табдил ёфтааст.
Дар пайи ин баҳсҳои доғ имрӯз хабаре интишор гардидааст, ки ҷонишини сарвазири Ӯзбакистон Рустам Азимов аз ҷониби мақомоти қудратии ин кишвар ба ҳабс гирифта шудааст. Ожонсии иттилоотии REGNUM бо такя ба манобеи мӯътамади худ хабар додааст, ки Азимов ба сабабҳои ҳанӯз номаълум ҳабси хонагӣ гашта, кормандони хадамоти амнияти миллии Ӯзбакистон намегузоранд, ки вай берун аз хонааш биравад.
Коршиносони умури сиёсӣ бар ин назаранд, ки ҳабси хонагӣ гаштани Рустам Азимов ба тахтталабии як гурӯҳи ба президент Каримов наздик вобаста аст. Онҳо таъкид мекунанд, ки Азимов имкон дошт ба сари қудрат биёяд, аммо тарафдорони Шавкат Мирзиёев, сарвазири вақти Узбакистон пешдастӣ намудаанд ва Азимовро ба муваққат ҳабси хонагӣ сохтаанд, то вай дар чораандешӣ барои ба даст овардани мақоми раҳбарӣ дар ин кишвар дасткӯтоҳ бимонад.
Рустам Азимов аз соли 2000 ба ин сӯ дар вазифаи ҷонишини сарвазир оид ба иқтисод кор мекунад. Дар ин байн ба макоми вазири молия ва вазири иқтисоду омори Узбакистон низ фаъолият намудааст. Вай яке аз чеҳраҳои шинохта дар Узбакистон аст ва ҳаводоронаш низ кам нестанд.
Ҳолдонҳо мегӯянд Рустам Азимов нафаре аст, ки аз дастгирии комили Ислом Каримов бархӯрдор будааст ва сабаби ҳабсаш ҳам бардоштани монеъа барои ба қудратрасии Шавкат Мирзиёев аст, ки аз ҷониби Иноятови пурқудрат дастгирӣ мешавад.