Аз санаи 19 то 22 март дар шаҳри Турсунзода таҷлили умумиҷумҳуриявии иди Навруз барпо гардид. Дар ин ҷашни идона намояндагони корпусҳои дипломатӣ, меҳмонони хориҷӣ ва роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ даъват шуда ҷашн бо як шаҳомати аъло барпо шудааст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки будҷаи имрӯзаи кишвар холист ва Тоҷикистон барои масрафи ҳангуфти таҷлили иди Навруз дар ин сатҳ маблағ надорад. Манбаи масрафи ҳангуфти идона аз кисаи кадом Хоҷа Аҳрори Валӣ бошад?
Тавре пойгоҳи хабарии CANEWS менависад, масрафи таҷлили ин ҷашн бо таври зурӣ ҷамъоварии маблағ аз соҳибкорону кормандони давлатӣ будааст. Ин пойгоҳ бо такя ба манобеаш менависад, барои маслиҳати ҷамъоварии маблағ барои таҷлили иди Навруз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода санаҳои 4-5 уми март маҷлиси “машваратӣ”-е гузаронида шудааст. Ба ин маҷлис тамоми соҳибкорони хурду миёна, роҳбарони муассисаву корхонаҳо, кормандони давлатӣ ва мансабдорон даъват шудаанд. Ҳама вазифадор гардидаанд, ки барои масрафи таҷлили умумиҷумҳуриявии иди Навруз дар шаҳри Турсунзода маблағ ҷамъоварӣ кунанд. Дар ин маҷлис кормандони кумитаи андоз вазифадор шудаанд, ки бо усули зайл барои масрафи таҷлили иди Навруз дар шаҳри Турсунзода маблағ руёнида шавад:
Аз оилаҳои камбизоат ва бошандагони деҳаҳои дурдаст 5 сомонӣ
Аз оилаҳои шароиташон миёна 10-15 сомонӣ
Аз савдогарони бозорҳо 25 сомонӣ
Аз онҳое, ки нуқтаҳои савдо ва ё нуқтаҳои хидматрасонии техникӣ ( мағоза, дукон, устохона..) доранд 250 сомонӣ
Аз соҳибони корхонаҳои истеҳсолӣ ва чорводорон, ки зиёда аз 500 сар чорво доранд 2500 то 2700 сомонӣ
Аз соҳибони ширкатҳои калон, соҳибони дармонгоҳҳои хусусӣ, муассисаҳо ва марказҳои саломатӣ, чорводороне, ки зиёда аз 2000 сар чорво доранд, 3000 сомонӣ
Аз кормандони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои ҳифзи саломатӣ, кормандони муассисаҳои таълимӣ ба миқдори маоши ду рӯза
Аз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои тиббӣ ба миқдори маоши якҳафтаина
Манбаъ менависад, ин ҳама ҷамъоварии маблағ маҳз барои нишон додан ба хориҷиён, ки дар Тоҷикистон ҳама шароит хубаст ва мардум дар ҳолати беҳтарин зиндагӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки шаҳрвандон дар ҳолати бади иқтисодӣ қарор доранд. Мардум барои ҳалли оддитарин мушкилот ба мақомот дастрасӣ надоранд. Дар муассисаҳои ҳифзи саломатӣ барои оддитарин кумак ба бемор пул руёнида мешавад. Ҳама масрафи таҷлилҳои идона ва масрафи пешвози роҳбарияти кишвар аз ҳисоби мардум ва соҳибкорон аст. Дар чунин шароит, шахсони мақомдорро мебоист аз рӯи хирад кор гиранд ва харҷи идро хоксорона намуда на ба хориҷиён балки ба ҳар як шаҳрванди тоҷик шароит фароҳам меоварданд, то ин, ки дар хонааш ба ҷои кашидани ғами бепуливу камбизоатӣ ҳадди ақал як бор дар як сол идро таҷлил мекард.