Сатҳи ҷинояткорӣ дар вилояти Суғд боло меравад. Тавре дафтари матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадаш санаи 24 марти соли 2017 дар машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд дар , нисбати болоравии ҷиноят дар вилоят изҳори нигаронӣ намуда “барои рафъи камбудиҳо ва пешгирию коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор намудааст”.
Тибқи баромади Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора, болоравии сатҳи ҷинояткорӣ, бештар дар шаҳрҳои Гулистон, Истаравшан, ноҳияҳои Ашт, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ ба қайд гирифта шудааст,
Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 2016 ва ду моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 6233 ҷиноят содир шуда ва кушодани ҷиноятҳо 94 фоизро ташкил медиҳад.
Ин маънои онро дорад, ки аз сад фисади ҷиноятҳои содиршуда ва ба қайдгирифташуда, 94 фисади шахсияти ҷиноятсодиркарда дастгир ва ё муайян карда шудааст. Дар хусуси 6 фоизи ҷинояти содиршуда, ки кушода нашудаанд, аз ҷониби кӣ содир шудани ҷиноят шахсияти ҷинояткор муайян нашудааст.
Ҳуқуқшиноси тоҷик, вакили дифоъи машҳур Файзинисо Воҳидова ин оморро шарҳ дода гуфт, ба воқеъияти ин омор бовар надорад.
Ӯ гуфт, чи қадар дуздиҳои молу чорво, рабудани пули бонкҳо, куштор ва дигар ҷиноятҳо солхои сол кушода нашудаанд.
Воҳидова ёдовар шуда гуфт, “агар дар ёд дошта бошед, куштори оилаи Бобоевҳо дар Ғафуров — тиллофурӯш, ки як оиларо парронда хонаро оташ заданд, танҳо баъди се сол кушода шуд. Як куштор дар ноҳияи Ашт баъди 7 сол кушода шуд, ки зан бо маъшуқааш шавҳарашро кушта дар таҳхонааш гур карда будааст. ҶСК «Амонатбонк»-и ноҳияи Аштро чанд сол пеш рабуданд. Посбони бонк бо таври ваҳшиёна кушта шуд, то ба ҳол муҷримро пайдо накардаанд. Беш аз ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ДИИШ пайвастааст, зиёда аз 400 нафар ба вилояти мо рост меояд. Шояд ду баробари ин теъдод шахсияташон то ба ҳол муаян нашудааст.”
Ин ҳуқуқдони тоҷик таъкид мекунад, ки дар чунин ҳолат ба ҳеҷ ваҷҳ бовар карданӣ нест, ки 94 фоизи ҷиноят кушода шуда бошад.
Аммо ба гуфтаи ӯ, агар воқеан 94 фоизи ҷиноятҳо кушода шудаанд, пас ин натиҷаи олӣ аст ва набояд интиқод мешуд. Ингуна натиҷаи кории мақомоти интизомӣ дар Амрикову Аврупо ва ҳатто дар Руссия нест.
Дар Тоҷикистон низоми пешгирӣ ва мубориза бар ҷинояткориҳо рӯз ба рӯз пурзӯр шуда, салоҳиятҳои қонунии мақомоти интизомӣ зиёд мегардад, муттаҳамон ба ҷиноят ба солиёни дароз ва ҳатто ба ҳабси абад маҳкум мешаванд. Барои оддитарин ҷиноят муҷримон даҳ солу понздаҳ сол ба зиндон мераванд. Дар ҳабсхонаву боздоштгоҳҳои муваққатӣ муттаҳамон ба ҷиноят бо таври бераҳмона шиканҷа мешаванд, аммо новобаста аз ин сатҳи ҷинояткорӣ рӯ ба боло аст.
Ба андешаи вакили дифоъ Файзинисо Воҳидова режими сахт, ҷазои сангин, азобу шиканҷа ва бегуноҳ зиндон кардани мардум ба ин бовар бошад, ки чашми мардумро битарсонанд ин хатои маҳз аст. Баръакс хашми мардумро ин гуна муносибатҳо зиёд намуда, барои гирифтани интиқом боз ҳам ҷиноятҳои сангинтарин содир мешавад. Таърих исбот кардааст, ки ҷазои сахт пешгирии ҷиноят нест, баръакс сабаби боло бурдани ҷиноят мегардад.
Сабаби дигари зиёдшавии ҷинояткорӣ омилҳои иҷтимоӣ доранд. Камбизоатӣ, гуруснагиву бенавоӣ мардумро водор мекунад, новобаста аз паёмади ҷинояткорӣ даст ба дуздиву ғорат ва қаллобӣ зананд. Аз сабаби нарасидани маоши давлатӣ порахурӣ кунанд. Шахсе, ки ҷиҳати иҷтимоӣ таъмин аст, ҳеҷ гоҳ пора намегирад. Ҳар касе пулаш бошад, рузғораш обод бошад, зарурат надорад, ки дуздию ғоратгарӣ ва ё порахурӣ кунад.