Мақомоти федеролии кор бо муҳоҷирони Русия аз ҷониби ҳукумати ин кишвар муваззаф мешавад шуморе аз муҳоҷирони тоҷик дар ин кишварро афв кунад.
Тибқи иттилои пойгоҳи хабарии , Ҳукумати Русия тасмим гирифтааст, он муҳоҷирини тоҷикистониеро, ки бидуни патент ва ҳуҷҷати будубош ба сурати ғайриқонунӣ иқомату фаъолият мекарданд, афв хоҳад кард.
Бар ин асос, ҳама муҳоҷирине, ки дар Русия бе доштани патент ва иҷозаи будубош фаъолияту зиндагӣ мекарданд, аз 25 март то 24 апрели имсол барои аз нав ба расмият давровардан ва қонунӣ гардонидани будбошашон дар хоки Русия, бояд ба мақомоти федеролии муҳоҷират ва мақомоти корҳои дохилии Русия муроҷиат кунанд. Ҳукумати Русия ҳамчунин тасмим гирифтааст, соири муҳоҷирини тоҷикистониеро, ки ба иттиҳоми нақзи бандҳои 4 (ду бор ва ё зиёда аз он ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудан) ва 8 (беш аз 30 шабонарӯз қайриқонунӣ дар қаламрави Русия иқомат доштан)-и моддаи 26-и Қонуни федералии 114-и Русия аз ин кишвар ихроҷ шуда буданд, афв хоҳад кард.
Александр Калинин, раиси Комиссия оид ба сиёсати муҳоҷират ва мутобиқгардонии муҳоҷирони назди ҳукумати Маскав гуфтааст, ки то кунун мавзӯи эъломи афв ба дасти марзбонон нарасидааст.
Аммо ҳуқуқшиноси тоҷики муқими Русия Ширин Ибронова ба Паём.нет гуфт, албатта тасмими афви муҳоҷирони тоҷик рӯи кор омадааст. Муҳоҷироне, ки аниқ донанд, ки як маротиба ҷазои маъмурӣ ё ҷарима шудаанд, метавонанд руи рост ба мақомоти зидахл муроҷиат кунанд. Категорияи муҳоҷироне, ки ҷиноятҳои вазнин ё такроран ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардаанд ва ё дар руйхатҳои махсуси мақомотҳо номашон мавҷуд аст, аз ин афв истисноянд. Дигарон ба навбат бо тафтиши мақомотҳои зидахл оҳиста оҳиста авф мешаванд.
Хонум Ибронова таъкид кард, муҳоҷирон набояд ба ҳар каси ношинос ва миёнаравҳо муроҷиат кунанд, зеро ҳастанд ва буданд нафароне, ки қалбакӣ кор мебаранд. Муҳоҷирон бояд новобаста ба идораи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти федеролии кор бо муҳоҷирони ҷои истиқоматашон ва ё ба ҳуқуқшиносону вакилони дифоъе, ки дар ин соҳа варзида ҳастанд, муроҷиат намоянд. Инчунин консулгариҳои Тоҷикистон дар минтақаҳои Русия бояд дар ин самт сару кор дошта бошанд.
Ҳуқуқшинос Ширин Ибронова гуфт, то ин шартномаи байни ду давлат, ки охири моҳи феврали 2017 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русияи Федеративӣ баста шуд, чандин нафароне, ки ба ӯ муроҷиат кардаанд, шахсан ёрии ҳуқуқӣ ва маслиҳати ҳуқуқӣ додааст, ки аксарияти онҳо мушкилашон бо таври қонунӣ ҳал гардидааст.