Monday, June 16, 2025
ads
HomeХабарҳоРасул Боқиев: “Барои ман Ислом мақоми аввалро дорад”

Расул Боқиев: “Барои ман Ислом мақоми аввалро дорад”

Чанд рӯз пеш варзишкори маъруфи тоҷик Расул Боқиев  дар мусоҳиба бо хабарнигори   гуфтааст, эътиқод пеш ҳама иродаи инсонро қавӣ намуда, ӯро дар расидан ба ҳадаф ёрӣ ва раҳнамоӣ мекунад.

Ин дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ, устоди варзиши ҶТ, қаҳрамони ҷудои Русия гуфтааст: «Барои ман Ислом мақоми аввалро дорад. Вазъи руҳӣ барои варзишкор бисёр муҳим аст. Аз ин рӯ, ман пеш аз ҳама худро аз ҷиҳати равонӣ такмил медиҳам». «Эътиқод ҷузъи аслии зиндагии ман аст. Ман бовар дорам, ки зиндагии дунявӣ гузаранда ва охират ҷовидонӣ аст», — гуфтааст Расул Боқиев.

Дар идомаи суҳбаташ Расул Боқиев гуфтааст, ки варзишро ҳам аз барои ислом пеша кардааст, зеро эътиқод ӯро дар зиндагӣ қавиирода мегардонад. У гуфтааст ҳамвора машғул ба омӯзиши усули ислом аст. «Дар эътиқоди хеш пеш аз ҳама ба омӯзиши дин машғул мешавам. Ман ба  гуфтаи касе кор намекунам, балки худам эътиқодамро такмил медиҳам ва пайваста ба мутолиа машғул мешавам».

Ба гуфтаи Расул Боқиев, ҳолати руҳонии инсон боис мешавад, ки рухдодҳои зиндагиро сарфи назар аз ин ки шодиовар бошанд ё ғамангез, аз Худованд донад ва ба ояндаи нек умед бандад. «Ман аз шикаст ҳарос надорам. Зеро, фикр мекунам, агар Худованд касеро аз чизе маҳрум кард, он аз они вай нест ва Худо барояш аҷри бештаре ва беҳтаре медиҳад»,

Расул Боқиев, устоди варзиши Тоҷикистон, барандаи нишони биринҷии бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 дар Пекин аст. Ҳамчунин, паҳлавони маъруф дар соли 2007 дар РИо-де-Женейро соҳиби медали биринҷии мусобиқоти ҷаҳонии дзюдо гардида, ғолиби Ҷоми ҷаҳон дар солҳои 2007, 2010, 2011 ва 2012 мебошад. Соли 2009 унвони Қаҳрамони Русия дар риштаи гуштии дзюдоро соҳиб гардидааст. Расул Боқиев 29 сентябри соли 1982 дар ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) дар хонаводаи паҳлавони шинохтаи тоҷик Худойназар Боқиев ба дунё омадааст. Ба гуфтаи Расул Боқиев, ӯ аз соли 2004-ум инҷониб дар Русия иқомат дорад  ва фаъолияти худро ҳамчун варзишгар давом медиҳад. Ахиран, номбурда соли 2015-ум мактаби варзишии худро дар Маскав ташкил дод, ки дар он варзишгарон новобаста аз миллат(бештар тоҷикон ва русҳо) тамрин мекунанд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?