Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоСупориши наврӯзии роҳбари давлат: «Сатру ҳиҷоби занон кашида шавад»

Супориши наврӯзии роҳбари давлат: «Сатру ҳиҷоби занон кашида шавад»

Корбари фаъоли шабакаи иҷтимоии фейсбук Мирзоқул Ҳоҷиматов дар саҳифаи худ хабар додааст, ки як дӯсташ аз ноҳияи Спитамен занг зада гуфтааст, ки милисаҳо дар бозор (дукони тиҷорӣ) аз духтари ӯ, ки фурӯшанда будааст, талаб кардаанд, ки сатрашро аз сар бигирад. Гуё ин супориши наврӯзии роҳбари давлат будааст…

Ҳоҷиматов мегӯяд, “Тавсияаш додам, ки ба суд ё прокуратура шикоят барад, то аз ҳуқуқҳои конститутсионияш дифоъ бикунанд. Намедонам кафилони қонун чӣ мегуфта бошанд? “

Чандест, ки мубориза алайҳи сатру ҳиҷоби занони тоҷик дар Тоҷикистон ба таври густарда идома дорад. Аммо бори аввал аст, ки нозирони тартиботи ҷамъиятӣ ин амали норавои худро «Супориши наврӯзии роҳбари давлат» унвон кардаанд.

Корбари дигари шабакаи иҷтимоии Фейсбук  дар поёни ин сатрҳо навиштааст, давлати мо ҳоло хидматаш ба мардум он қадар нест, ки фармон аз гузашти нангу номусро диҳад. Агар мо баномус мешудем то ҳадди лозима, алакай чунин афродро латукӯб мекардем, то ки сарҳади кори худро донанд. Мисли оне, ки облаваҳо латукӯб шудаанд, инҳо низ бояд таҳти таҳдид қарор гиранд.

Ҳикматулло Раҳмонов афзудааст, “Ман тафриқаандоз нестам, аммо давлат ҳоло забонаш то ба ҳалқаш кутоҳ аст, то барои инчунин иқдомот. Чаро мардум аз сатрдорӣ тарсанд? Барои ин ҷавоби монандаш ситамкорона додан лозим.”

Ин корбари фейсбукӣ аз он нигаронӣ  мекунад, ки давлат ба ҷои он ки миллионҳо шаҳрвандро ба ҷои кор таъмин кунад, ба номӯси мардум даст мезанад ва мегӯяд бояд ингуна руймолро напушад.

“Кадом аҳмақ чунин ҳақро додааст? Одамон хизмату ҷоннисорӣ мекунанд, то ки нангу номусашон дар амн бошад. Ин чи расвоист, ки ба ҷои ҳимоя ба номуси мардум чанг мезананд. Аз ин бармеояд, ки мо аз Худо рӯй тофтаему ба ҳоли худ вогузор шудаем. Худ ба ҷони худ ситам кардаем.”

Мубориза алайҳи сатру ҳиҷоб аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон  ҳарчанд  ба вокунишҳои тунду тези мардуми кишвар ва ташкилотҳои байналмилалӣ рӯ ба рӯ шудааст, аммо рӯ ба авҷ буда қариб ҳафтае нест, ки дар ВАО дар ин бора матлабе нашр нашавад. Дар кучаву хиёбонҳо, бозору дуконҳо ва ҳар куҷое мақомоти интизомии Тоҷикистон сатру ҳиҷобпӯшонро рӯ ба рӯ мешаванд, густохона  бо лафзҳои таҳқиромез маҷбур мекунанд, то сатру ҳиҷобро занон аз сарашон бадар кунанд.

Ҳарчанд ҳуқуқдонону коршиносон ин амали нангини мақомоти интизомиро ғайриқонунӣ ва зиддиконститутсионӣ унвон кардаанд, мубориза ҳамоно алайҳи ҳиҷоб дар кишвари мазҳабии Тоҷикистон идома дорад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика