Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоИқдоми антинамози қонунӣ ба амал гузашт

Иқдоми антинамози қонунӣ ба амал гузашт

Ё чаро дар кишваре, ки 99 дарсад мусалмон аст ва даъвои бештари мазҳабӣ будан мекунанд, вале хондани намоз дар корхонаҳо ва  азон тавассути баландгўяк бо баҳонаи халал ёфтани оромиши аҳолӣ  манъ шудааст? Дар ҳоле, ки то соатҳои 11 шаб хондани суруд бо баландгўяк  иҷоза аст ва оромиши сокинони атрофи тарабхонаҳо дар ин бобат ба инобат гирифта намешавад.


Бархе аз кормандони  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия бо сабаби намоз хондан дар утоқи корӣ аз кор ронда шуданд.


Дар ин бора яке аз кормандони Агентии мазкур ба мо иттилоъ дод. Бо омадани Рустами  Эмомалӣ, назорат аз болои рафторҳои кормандон пурзур шуд.


«Қаблан ҳам ба адои намози ҷумъа рафтан ҳам зери назорат буд бачаҳо кам-кам пинҳонӣ мерафтанд. Вале баъдан вазъият комилан дигар шуду ҳатто онҳое ки пушти дари баста дар утоқ амоз мехонданд, бо сабабҳои гуногун ба бахши захираи кадри гузронда шуда ҳамин тавр аз кор ронда шуданд. Беҳтарин мутахассисони соҳавӣ аз кор рафтанд» -гуфт ин манбаъ.


Дар Бонки Миллӣ ва вазорати фарҳанг низ, кормандон барои адои намоз аз кор ронда шудаанд. Дар Тоҷикистон тибқи қонун хондани намоз дар ҷойи кор манъ аст.  Адои тоате ки ҳамагӣ то 15 дақиқа вақтро мегирад. Бархе аз роҳбарон низ, ки бо сабабҳои хондани намоз дар утоқи корӣ аз кор сабукдўш шудаанд. Аслан хондани намози роҳбарон ва кормандонро баъзе ҳамкорон ба кормандони  амният хабар медиҳанд ва ин ниҳод ин хабарро то сатҳи боло мерасонад ва маркази қабули хабар «чора» мебинад.  Дар ҷомеае, ки 99 дарсад мусалмон аст ва идҳои мусалмонӣ дар сатҳи давлатӣ ҳам қайд мегардад, манъи намоз ва тавассути баландгўяк садо додани азон, муааммобарангез аст. Дар роҳҳо ва даромадгоҳҳои масҷидҳои ҷомеъ ҳам дурбинҳои назоратӣ насб шудааст, то намогузорони рўзҳои ҷумъа назорат шаванд ва нафарони кадом касбу коранд муаян шавад?


Ба хотири «пешгирӣ» аз адои намоз дар корхонаҳо аз соати 12.00 то 13.00 вақт барои хўроки нисфирўзӣ муқаррар шудааст ва ин соатро ягон дақиқа набояд тағйир диҳанд. Наврўз , корманди яке аз корхонаҳои давлатӣ мегўяд, ки «соати хўроки нисфирўзӣ рўзҳои ҷумъа назорати шадид мешавад».

 
«Намоз хондан чӣ бадӣ дорад? Мо ба фақат намозро мехонем тамом ва ба сиёсату равияву гароиш кор надорем. Бигузор тафриқаандозии мазҳбӣ назорат шавад, вале хондани намоз на. Ин як руҳияи тарбияи инсон аст. Намози ҷумъа ҳамагӣ 25-30 дақиқаро дар бар мегирад»- мегўяд ў.


Дар Тоҷикистон на танҳо хондани намоз дар корхонаҳо мамнуъ аст, балки рафтани то сини 18 ба масҷид ҳам дар асоси қонун манъ карда шудааст. Чанд сол қабл Маҳмадсайид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе  хондани намозро бо баландгўяк ба хотири халал расондан ба оромиши мардум ва эътимод ба нафс манъ кард, азоне ки чанд сония давом меёбад. Аммо дар шаҳри Душанбе тарабхонаҳо то соатҳои 11-шаб бо баландгўяк мусиқӣ пахш мекунанд ва то ҳоло шаҳрдорӣ ба хотири халалдор нашудани оромиши мардум, нисбат ба ин маконҳои ҷамъиятӣ иқдоме накардааст.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика