Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетБонки марказии Русия барои ҷилавгирӣ аз суқути арзиши рубл, нархи баҳраро афзоиш...

Бонки марказии Русия барои ҷилавгирӣ аз суқути арзиши рубл, нархи баҳраро афзоиш дод

Бонки марказии Русия имрӯз сешанбе нархи баҳраро 3.5 дарсад афзоиш дод. Иқдоме, ки гуфта мешавад барои мубориза бо таваррум ва тақвияти арзиши рубл анҷом шудааст. Аз замони шурӯъи ҳамлаи Русия ба Укроин, арзиши рубл ба поинтарин ҳадди худ расидааст. Ба ин тартиб нархи баҳраи Русия ба 12 дарсад расидааст. 

Ин тасмим пас аз ташкили ҷаласаи изтирории ҳайати мудираи Бонки марказӣ дар рӯзи душанбе иттифоқ афтод. Суқути арзиши рубл дар ҳоле иттифоқ афтод, ки Маскав ҳазинаҳои низомии худро афзоиш дода ва таҳримҳои Ғарб бар содироти энержии ин кишвар таъсир гузоштааст. 

Воҳиди пули Русия рӯзи душанбе ба ивази ҳар доллар аз 101 рубл ҳам убур карда буд, аммо пас аз эъломи Бонки марказӣ, вазъият андаке беҳбуд пайдо кард ва имрӯз сешанбе ба ҳудуди 96 дар баробари ҳар доллар расид.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?