Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоӮзбакистон нархи транзитии мошинҳои Тоҷикистонро 65 % боло бурд

Ӯзбакистон нархи транзитии мошинҳои Тоҷикистонро 65 % боло бурд

Ӯзбакистон  сар аз 1 уми сентябри соли 2016 нархи транзитии убуру мурури мошинҳои Тоҷикистонро 65 дарсад боло бурд.
Матбуоти маҳаллии ин кишвар бо нашри як хабар дар ин робита аз қарори 270 уми ҳукумати худ ёд намудаанд, ки гуфта мешавад 10 рӯз қабл аз ин ба имзо расидааст. Аммо то ин муддат расонаӣ насохтани ин хабар аз ҷониби ҳукумати Ӯзбакистон шарҳ наёфтааст.
Таъкид мегардад, ки аз ин баъд мошинҳое, ки аз қаламрави Узбакистон ба Тоҷикистон ба далели интиқоли коло ва дигар сабабҳо гузар мекунанд, ба хазинаи ин кишвар воқеъ дар гузаргоҳҳои марзӣ 180 доллари амрикоӣ боҷи транзитӣ пардохт менамоянд. Қаблан мошинҳои Тоҷикистон барои убуру мурур аз хоки Ӯзбакистон 118 доллари амрикоӣ месупориданд. Ҳукумати Узбакистон боло бурдани нархи транзитии ҳаракати мошинҳои ҷониби Тоҷикистонро аз қаламрави худ шарҳ надодааст.
Коршиносон дар ин робита ҳадс мезананд, ки Тошканд ҳамеша мехоҳад Тоҷикистонро зери фишори худ бубинад ва ба ин далел гоҳ нархи убуру мурурро боло барад, гоҳ роҳҳоро ба самти ин кишвар масдуд месозад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика