Омбудсмен фард ё созмонеро гуфта мешавад, ки ба унвони намояндаи мардум мавориди нақзи ҳуқуқи шаҳрвандро, ки аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ ва ё ширкатҳои мухталиф ба миён меояд, баррасӣ, бозрасӣ, пуштибонӣ намояд ва санҷиш гузаронад.
Ҳадаф аз ташкили дафтари омбудсменӣ ҳимоят аз ҳуқуқи афрод, созмони сиёсӣ ё ғайри сиёсӣ, ҷамъиятҳои мардумӣ ва ғайра мебошад, ки натавонистаанд аз ҳуқуқи худ дар муқобили ниҳодҳои ҳукуматӣ ва ё ширкатҳои мухталиф дифо кунанд.
Вижагии ин ниҳод инаст, ки ҳангоми гирифтани маълумот оид ба вайронкунии оммавӣ ва ҷиддии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ё дар ҳолатҳои аҳамияти махсуси ҷамъиятӣ доштани ин амалҳо ё марбут ба зарурати ҳифзи манфиатҳои шахсоне, ки қобилияти мустақилонаи истифодаи воситаҳои ҳифзи ҳуқуқи худро надоранд, Омбудсмен ё худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад бо ташаббуси худ дар доираи салоҳияташ санҷишҳо гузаронад.
Омбудсмен ё худ ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқи қонун ниҳоди дахлнопазир буда, бе розигии мақомоте, ки омбудсменро таъин кардаааст, ҳабс кардан, дастгир намудан, маҷбуран овардан, кофтуков кардани ў мумкин нест. Омбудсмен ҳамчунин мавриди кофтукови шахсӣ (азназаргузаронӣ) қарор дода намешавад. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро бе розигии мақомоти ўро таъинкарда ба ҷавобгарии маъмурӣ, ки ба тариқи судӣ таъин карда мешавад, кашидан мумкин нест.
Ин ниҳод ба хотири дифоъи ҳуқуқи инсон аз паи нақзи ҳуқуқҳо хусусан аз ҷониби мақомотҳои давлатӣ ба мисли Вазорати корҳои дохилӣ, ниҳодҳои амниятӣ, судӣ, назорати қонунӣ-прокуратура ва ғайра дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон, ки бо номҳои гуногун фаъолият мебарад, мавриди истиқбол қарор гирифтааст.
Омбудсмен, яъне ваколатдори ҳуқуқи инсон аст. Ин маънои онро дорад, ки ҳар лахзае ки ҳуқуқи инсон поймол мегардад, ҳатман бояд дифо кунад. Омбудсмен ҳамчун институти ҷомъеаи шаҳрвандӣ маҳсуб меёбад. Аз ин ру ин ниҳод набояд ҳукуматӣ бошад. Омбудсмен ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ, яъне бояд ҷамъиятӣ бошад.
Ин ниҳод дар Тоҷикистон бо тавсияи САҲА чанд сол пеш таъсис ёфт. Аммо Омбудсмен фақат номаш Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аст, дар асл тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мақомоти ҳокимияти давлатӣ буда, мансаби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вазифаи сиёсии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Инаст, ки салоҳиятҳои қонунӣ ва имкониятҳои Омбудсмен дар Тоҷикистон рамзӣ буда, худи Омбудсмен мисли зочаи дастгоҳи ҳукуматӣ истифода мешавад.
Тавре, ки мушоҳида мешавад, ҳукумат ин ниҳодро ҷиҳати посух додан ба эътирозу шикоят ва изҳороту эродҳои созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои алоҳида дар мавриди мушкилиҳо ва масъалаҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон истифода мебарад. Шояд барои ҳамин бошад Омбудсмен дар миёни мардум, созмонхои иҷтимоӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ як зарра ҳам маҳбубият надорад.
Ба ҷои он ки аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дифоъ кунад, ҳамеша омбудсмен дар Тоҷикистон аз паи дифоъи дастгоҳҳои ҳукуматист. Касе ёд надорад, ки омбдусмени Тоҷикистон мувофиқ ва муносиб ба ному ваколаташ ба хотири дифоъи ҳуқуқи касе ё созмоне, ки ҳуқуқаш аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ нақз шудааст садо баланд карда бошад. Баракс ҳамеша аз тарси ҷон, тарси вазифа ва ошиқ будан ба курсиву мансаб, ин ниҳод поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсонро сарфи назар намуда, фақат аз ҳуқуқҳои ҳукумат, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор дифо мекунад.
Ҳар ки аз нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳарф мезанад, дарҳол худи омбудсмен зиддаш вокуниш нишон медиҳад. Ҳатто бонуфузтарин ташкилотҳои байналмилалӣ аз ҷумла Дифоъи ҳуқуқи башари Созмони милали Муттаҳид, Созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ, Human Rights Watch (HRW), ё Дидбони ҳуқуқи башар- созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории байналмилалӣ ва Бунёди Хелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон барин созмонҳо вақте дар Тоҷикистон санҷиш мегузаронанд, меомӯзанд ва аз натиҷаи омӯзишу санҷишҳои худ гузориш ё изҳорот пахш намуда аз нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби мансабдорон ва ҳукумат изҳори нигаронӣ мекунанд, аввалин шуда омбудсмени Тоҷикистон ин ташкилотҳоро муттаҳам ба дуруғгу мекунад ва изҳороти ин ташкилотҳоро боғараз унвон мекунад, аввалин шуда нақзи ҳуқуқи инсон дар кишварро омбудсмен ё худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон такзиб мекунад.
Дар ҳоле, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои давлат ва ҳукуматро дифо намудан ин вазифаи прокурор аст, аммо омбудсмени Тоҷикистон мисли прокурор ба ҷои ҳимоя ҳамеша аз паи гунаҳкор донистани ҳамонҳое аст, ки мақомоти айбдоркунанда муттаҳам ба ҷурму ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунияшон кардааст.
Тули ду сол мешавад, аз паи қазияи машҳури Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода наздик ба 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шуданд. Танҳо аз аъзои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон зиёда аз 200 нафар, ки аксарияташон ба солиёни дароз ҳабс шуданд. Ягон вакили дифоъи мутсақилро мақомот ба маҳбусон наздикӣ кардан намонд. Ҳар вакили дифоъе, ки барои дифоъи ҳуқуқи маҳбусон камари ҳиммат баст, ба сели маҳбусон пайваста ҷойгоҳаш зиндон шуд.
Мақомот дар бораи маҳбусон бо таҳқир ва муттаҳам намудан ба гуноҳ дар расонаҳои давлатӣ пеш аз қарори суд филмҳо пахш намуданд. Ҳол он, ки мувофиқи қонун танҳо баъди қарори суд шахси айбдоршаванда ҷинояткор ҳисобида мешавад. То қарори суд ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки айбдоршавандаи эҳтимолиро ҷинояткор унвон кунад. Аммо ин корро ҳукумати Тоҷикистон кард. Омбудсмен дар ин рӯзҳо чашмаш куру гушаш кар буд.
Дар расонаҳо хондем, ки чанд пайвандони маҳбусон, аз ҷумла пайвандони маҳбусони аъзои Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳамчунин пайвандони вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров, расман бо мактуб ба Зариф Ализода, Омбудсмен ё худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон муроҷиат карданд. Ба мактубҳо на ҷавоб гирифта шудааст на ҳеҷ як ёрии ҳуқуқие дода шудааст.
Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон рисолати асосиашро, ки дифоъи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар кишвар мебошад, кайҳо фаромӯш кардааст. Ҳамеша овораи ҳифзи курсиву мансаб аст.
Дар Тамоми олам омбудсмен ҳамеша дар паҳлуи мардум аст, дар Тоҷикистон бошад, омбудсмен аз мардуми худ канораҷӯӣ мекунад ва худро дар канори ҳукумату мансабдорон қарор медиҳад. Бубинед, ҳамаи нишастҳое, ки бо ширкати омбудсмени тоҷик, Зариф Ализода сурат мегирад, Ӯ ҳамеша дар ҳайати гурӯҳи ҳукуматиҳо ва ё ҳатто дар бархе аз нишастҳо роҳбари гурӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Дар ҳама баромадҳо ва мусоҳибаҳои Зариф Ализода мефаҳмем, ҳар ки аз нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гап мезанад, дурӯғгӯ ё шахси ғаразнок маҳсуб мешавад.
Бигзор, бигзор ҳамчунон бошад, ки Зариф Ализода мегӯяд. Аммо дар воқеъ чунин бошаду дар Тоҷикистон ҳама гул бошад, ҳуқуқу озодиҳои инсон ба дараҷаи олӣ риоя шавад, ба ниҳоде, ки номаш Омбудсмен ё худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аст, чи ниёз мемонад?
Ниҳоде, ки аз ҳисоби будҷаи кишвар ва аз ҳисоби андози мардум дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон намояндагӣ ва дафтари кориву кормандони маошхури худро дорад, ба ки даркор аст? Агар воқеан ҳам Зариф Ализода ба ин бовар бошад, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон нақз намешавад, бояд бидонад, ки у шахси нозарур ва ниҳоди муфтхури ҷомеа мебошад. Аммо дар демократитарин кишвари ҷаҳон ҳам оё шунидаед, ки ҳеҷгоҳ ҳуқуқи инсон нақз нашудааст?. Агар чунин нест худи Зариф Ализода дурӯғгӯ, шахси боғаразу золим ва хиёнаткор дар вазифааш пеши мардум аст.
Шавкати Муҳаммад
Рӯзноманигор