Бонки миллии Тоҷикистон вобаста бо вазъи имрӯзаи бозори хариду фурӯши доллари ИМА-и нақд ва поинравии қурби пули миллӣ бозори сиёҳи пулро гунаҳкор донистааст
Дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон эълом кардааст, “Пайдо шудани фарқияти назаррас дар байни қурби бозори расмӣ ва ғайрирасмии хариду фурӯши доллари ИМА-и нақд боиси он гаштааст, ки шахсони воқеӣ ба таври оммавӣ бо мақсади гирифтани даромади ҳаннотӣ, фурӯхтани асъори нақдро аз ташкилотҳои қарзӣ талаб менамоянд. Ҳолати мазкур ва таъсири дигар омилҳо талабот ба доллари ИМА-и нақдро яку якбора ба маротиб зиёд карда, ба мунтазам баланд шудани қурби фурӯши он ва фаъол шудани бозори ғайрирасмӣ, сабаб гаштааст.”
Аммо коршинсони ин соҳа худи БМТ-ро муҷрими асосии сабаби уфти қурби пули миллӣ ва ба бозори сиёҳ кучидани он медонанд.
Абдуманнон Шералиев, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, “Бо бастани саррофиҳо ва монополӣ кардани бозори асъор, Бонки миллӣ хидмати хирсонаи дигаре кард: пули нақд ба бозори сиёҳ кӯчид. Ҳарчанд давлат бо қудрат ва хушунат дар муқобили ин раванд қарор гирифтааст ва ҷазоҳои сангине барои ивазкунии пул дар ғайри бонк муайян кардааст, бозорро намешавад бо зӯр нигоҳ дошт. Миллионҳо долларе, ки тавассути бонкҳо интиқол меёфтанд (аз ҷумла пули муҳоҷирон, пули содироти сабзавоту меваву хушкмева ва қисман пахтаву алюминий) ва сабаби гардиши бозор, аз ҷумла дар сатҳи муайяне истодани қурби сомонӣ мешуданд, ба бозори сиёҳ рафтанд. Бо шиддат ёфтани поёнравии қурби пули миллӣ ин раванд идома хоҳад кард.»
Корафтодагон мегӯянд, айни ҳол тавассути бонкҳои Тоҷикистон фиристодани маблағ низ хеле мушкил шудааст. Кормандони бонкҳои тоҷикистон имрӯзҳо, хусусан дар ноҳияҳову минтақаҳо хидматрасонии интиқоли маблағро ба таваққуф гузоштаанд.
Як тоҷир ба Паём.нет навиштааст, ки чанд сол ин тараф аз кишвари Украина ба Тоҷикистон қисмҳои эҳтиётии мошинҳои дизелӣ ва асбобҳои зарурии тракторҳо барои кишту кор оварда мефурӯхт. Аммо ҳарчанд мавсими ин тиҷорат қариб ба поён мерасад, ба хотири тавассути бонкҳои Тоҷикистон ирсол карда натавонистани маблағ ва ёфтани натавонистани воситаҳои дигари интиқоли пул тиҷораташ касод шудааст.
Бо вуҷуд, Бонки миллии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидор бо эҳтиром хоҳиш кардааст, ки ба ҳаргуна овозаҳои беасос бовар накарда, дар мубодилаи маблағҳои пулиашон ба саросемагӣ роҳ надиҳанд ва аз муомилаи ғайрирасмӣ бо шахсони воқеии алоҳида худдорӣ карда, амалиёти мубодиларо танҳо дар муассисаҳои ташкилотҳои қарзӣ анҷом диҳанд.
Қобили зикр аст, ки мунтазам поинравии қурби сомонӣ нсибати доллар аз нимаи моҳи феврал оғоз гардида, аз оғози сол қурби сомонӣ нисбати доллар дар бозори нақдӣ 11,3% — аз 7,92 сомонӣ барои 1 доллар дар аввали сол то 8,82 сомонӣ айни замон боло рафт.
Қаблан дар БМТ изҳор дошта буданд, ки яке аз сабабҳои поинравии қурби сомонӣ афзоиши ҳаҷми пул дар гардиш буда, охири моҳи феврал 8,4 млрд. сомонӣ дар муомилот қарор дошт, ки нисбат ба ҳаҷми ҳамин давраи соли гузашта қариб 60% зиёдтар аст ва моҳи охир ҳаҷми пул дар гардиш боз 1,3 млрд. сомонӣ зиёд шуда, 9,7 млрд. сомониро ташкил додааст.
Зикр гардида буд, ки афзоиши ҳаҷми пул бар асари дастгирии бонкҳои дучори мушкилот аз ҷониби ҳукумат ба вуҷуд омада, он ба нишондиҳандаҳои монетарӣ ва пулӣ таъсири назаррас расонид, ки ба пайдо шудани хатарҳои қурбӣ ва таваррум дар иқтисод боис гардид.