Saturday, May 17, 2025
ads
HomeХабарҳоАбдулло Давлатов: «Шеваи кори ҳукумати имрӯза фақат як роҳ дорад —вартаи ҳалокат»

Абдулло Давлатов: «Шеваи кори ҳукумати имрӯза фақат як роҳ дорад —вартаи ҳалокат»

Дар соли 2016 теъдоди  муҳоҷирони истирдодшудаи Осиёимиёнагӣ аз Русия ба маротиб афзуда наздик ба 1млн нафар расид. Танҳо муҳоҷирони тоҷикистонӣ 325 ҳазор нафар мамнуъулвуруд ба Русия шуданд. Аз Қирғизистон бошад 190 ҳазор шаҳрвандон ҳаққи вуруд ба Русияро аз даст доданд. Аз Узбекистон низ  мамнуъулвурудшудагон ба Русия хеле зиёданд. Танҳо аз муҳоҷирони қазоқистонӣ дар Русия теъдоди кам истирдод шудаанд.

Ин ҳолат нигарониҳои зиёде дар кишварҳои Осиёи Миёна ба бор овард. Набудани ҷои кор дар ватан гароиши муҳоҷирони истирдодшударо ба ҳаргуна гурӯҳҳои тундрав афзоиш дод.

Ташкилотҳои байналмилалие, ки сару кор бо раванди муҳоҷират доранд, бонги хатар зада, ба хотири пешгирии пайвастани муҳоҷирони бекормондаи осиёимиёнагӣ ба ҳаргуна гурӯҳҳои тундрав, бо иштироки коршиносон ва намояндагони ҳукуматҳои осиёимиёнагӣ як чанд чорабиниҳо гузарониданд.

Аз ҷумла аз санаи 27.03 то 1.04.2017 дар шаҳри Оши Қирғизистон ва ҳам аз санаи 5.04 то 7.04.2017 дар шаҳри АлмаАтои Қазоқистон ду конфронси байналмилалие дар мавзӯи муҳоҷират шуда гузашт.

Дар ин конфронсҳо раиси созмони умумирусиягии ҷамъиятии тоҷикони Русия Абдулло Давлатов, ҳамчун намоянда аз Русия ширкат варзида дар мавзуъи «Сабабҳои иҷтимоиву равонии ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои ифротӣ» баромад намуд. Паём.нет бо Абдулло Давлатов дар ин бора мусоҳибае орост, ки пешкаши хонандагон мегардад

Паём.нет: Дар саҳифаи фейсбукиатон навиштед, ки аз санаи 27 март то 7апрел дар конфронсҳои байналмилалие дар ду кишвари Осиёимиёнагӣ, шаҳри Оши Қирғизистон ва шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шудааст, иштирок кардед. Дар бораи ин конфронсҳо мухтасар маълумот медодед

Абдулло Давлатов: Намояндагии Ташкилоти байналмиллалии муҳоҷират дар Осиёи Марказӣ (International Organization for Migration (IOM)) дар чорчӯбаи барномаҳои USAID «Шаън ва ҳуқуқ» («Достоинство и право»)и Амрико, 27,28 феврал ва 1 март дар Остона ва 5 то 7 дар Ош ҷаласа ташкил карданд. Мавзуъ: ҷустуҷу ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони ихроҷшуда буд.

Ҳамон муҳоҷироне, ки баъди ихроҷ аз Русия баъзан шомили гуруҳҳои ифротӣ мешаванд.

 

Тафовути конфронс дар Алма-ато аз конфронс дар Ош дар чи буд?

-Ҳеҷ тафовуте надошт! Фақат иштироккунандагон аксаран дигар буданд.

 

Коршиносон  барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони ихроҷшуда чи пешниҳодҳои муфид ва созанда карданд, ки ба андешаи Шумо ба қавле даво ба ин дард буд?

-Афсӯс, ки мавзӯъ агарчӣ мавзӯъи мушкилоти муҳоҷирон буд, аксаран баҳс гирди ба гурӯҳҳои ифротӣ кашидани онҳо мерафт. Фақат намояндагони Ташкилоти байналмилаллии муҳоҷират ва намояндагии онҳо аз Қирғизистон дар бораи мушкилоти муҳоҷирон ва роҳҳои ҳал мегуфтанду халос.

Масалан, дар Қирғизистон телефони боварии «189» амал мекунад, ки қирғизи муҳоҷир метавонад тамос бигираду мустақиман кӯмак пурсад. Ва ё, Ташкилоти байналмилаллии муҳоҷират дар Қирғизистон барномае таҳия кардааст, ки муҳоҷирони аз Русия ихроҷшуда бо кӯмаки молии онҳо соҳиби тиҷорати худ мешаванду шудаанд.

 

Ба андешаи Шумо сабаб чи буд, ки баҳс бештар  атрофи ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани муҳоҷирон кашида мешуд? Шояд айни ҳол ягон барномаи ҳалли мушкилоти муҳоҷирони ихроҷшуда рӯи даст нест?

-Аввал ин ки дар ҳамаи мушкилоти имрӯза Исломро гунаҳкор ҳисобидан барои раҳбарони худкомаи Осиёи Марказӣ муд шудааст. Чун худашон дар ҳалли мушкилоти рузмарра нотавонанд, ба хотири худро «ширин» кардану дасти тамаъро калонтар кушодан пеши хоҷагони ғарбиву шарқии ғайри мусалмонашон, худро қурбони гуруҳҳои ифротӣ нишон медиҳанд.

Чун Ташкилоти байналмиллалии муҳоҷират аз руи Оинномааш маҷбур аст бо ҳукуматҳои давлатҳое, ки намояндагӣ дорад, ҳамкорӣ кунад, дар чунин ҷаласаҳо ҳатман афроди расмиро даъват мекунанд. Ана ҳамонҳо баҳсро аз мавзӯъи мушкилоти муҳоҷират ба сӯи Ислом мекашанду кӯшиш мекунанд ба чашми мардум хок пошанду ҳама камбудиҳоро ба сари муъминон таҳмил кунанд!

Дар ҳоле, кӣ таҳлилҳову ташхисҳои мо нишон медиҳад, ҳадди аққал аз 70 то 80% муҳоҷирони ихроҷшуда ба гуруҳҳои ҷиноии ғайриисломӣ шомил мешаванд.

Аммо, барои чӣ бошад, ки фақат аз Ислом мегуянд…

Далели гуфтаҳои боло он аст, ки масалан дар Тоҷикистон рӯз то рӯз ҷинояткорӣ, худкушӣ зиёд мешавад. Дар Русия бошад, ҷинояткориҳо ва ташкили гуруҳҳои ҷиноӣ ба маротиб афзудааст.

 

Намояндагони мақомоти Тоҷикистон ҳам буданд? Онҳо чи баромаде доштанд?

-Ду нафар буданд. Як хонум хомуш буду, дигаре аз «дастовардҳои ҳукумати Тоҷикистон оиди ҳалли мушкилоти муҳоҷирон ва ташкили ҷойҳои корӣ» мегуфт. Албатта, дигарон писханд мезаданд.

 

Иштироккунандагон аз ғайри кишварҳои ИДМ дар ин конфронс чи андеша доштанд? Онҳо ҳам аз ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани истирдодшудаҳо ва ё муҳоҷирон мегуфтанд?

-Намояндагони Осиёи Марказӣ асосан аз шомил шудани муҳоҷирон ба гурӯҳҳои ифротӣ мегуфтанд. Намояндаҳои Аврупову Амрико ва аз Русия, ки  ман будам аз он мегуфтем, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ асосан қисмати кам шомил мешаванд ва агар мавзӯъи муҳоҷирони ихроҷшударо баррасӣ карданӣ бошем, бояд таҳқиқот фарохтар бошад. Аммо баромаду маърузаҳо, ки аз пеш омода кардашуда буданд, намояндагони Осиёи Марказӣ аз қолаб баромада наметавонистанд ва ҳамоно дур аз мавзӯъ гап мезаданд. Ё шояд огоҳона якхел мавзӯъро сӯи пайвастани муҳоҷирон ба гурӯҳҳои тундрав мекашиданд.

 

Чӣ омилҳое метавонанд сабаби асосии ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои тундрав шаванд?

-Ҳоло мо дар Маскав як таҳқиқотро пиёда карда истодаем, ки исбот мекунад, ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шудани муҳоҷирон ҳеҷ рабте ба Ислом надорад!

Барои амалӣ кардани ин таҳқиқот шахсан ман се тест — опростник (пурсиш)-ро барои муҳоҷирони тоҷик мутобиқ кардам. Муддати 6 моҳ ин тестҳоро аз забонҳои инглисӣ ва русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардаму баъд бо тарҷумаҳои форсии Ирон муқоиса кардам. Баъд, бо назардошти хусусиятҳои миллӣ, равонӣ ва мазҳабии тоҷикон онҳоро барои ҳамватанон мутобиқ кардам.

Тестҳо инҳоянд: 1. Тести афсурдагии Бек;
2. Ҷадвали депрессияи Монтгомери-Асберга;
3. Тести нақшии Розентсвейг

Агарчӣ ҳоло ҳамагӣ 120 нафарро пурсидем, ташхис нишон медиҳад, ки барои ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шудан, муҳоҷир чанд марҳиларо паси сар мекунад: мушкилоти ҳалнашаванда — фрустратсия — бечорагии эҳсосиву равонӣ. Марҳилаи охирин ду самт дорад: яке — депрессия (бемории руҳӣ) ва дигаре — гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷиноӣ.
Мушкилоти ҳалнашаванда инҳоянд:
— набудани шароити иқтисодӣ;
— набудани имконоти иҷтимоӣ;
— набудани шароити таҳсилу тиҷорат;
— набудани шароити пиёда кардани талаботи динниву сиёсии худ ва ғайра.

 

Чуноне, ки худатон қайд кардаед, инҷо бояд ду чизро аз ҳам ҷудо кард. Аввал ҳалли мушкилоти муҳоҷирони ихроҷшуда, дувум  пешгирии омилҳои пайвастшавии муҳоҷирон ба гуруҳҳои тундрав. Шумо худатон барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони ихроҷшуда чӣ пешниҳоде доред ва барои пешгирии пайвастшавии муҳоҷирон ба гуруҳҳои тундрав чӣ барномае пешниҳод карда метавонед?

-Ҳар кас бояд кори худашро кунад!
Ман ҳоло аз масъалаҳои муҳоҷират канора рафтаам ва пешниҳодҳову ҳарфҳоям дар ин раванд ғайри касбӣ мешаванд. Барои ҳамин аз «маслиҳат» додан худдорӣ мекунам.
Таҳқиқотҳои банда ба хотири он аст, ки мехоҳам аз нуқтаи назари илмӣ исбот кунам, ки агар ҳамон тундравҳои имрӯзаро ба соли 1945 ба Ҷопон барем, онҳо худро на «исломӣ» мегуянду на «шаҳид», балки худро «самурай» ном мегузоранду «камикадзе». Яъне, Исломро ҳамчун ниқоб истифода мекунанд.
Баъдан, ба такрор мегуям, ки аз 100 муҳоҷири ихроҷшуда ҳатто 20 нафараш ифротӣ намешаванд!
Яъне, агар мехоҳед, ки аз ҷинояткору ифротӣ шудани муҳоҷирони ихроҷшуда пешгирӣ кунед, бояд мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, озодии баёну маъорифу қонунгузориро ҳал кард. Бояд ба мардум роҳ кушод, то талаботҳои сиёсиву диниашонро дар чаҳорчубаи қонун озодона бидуни мамониат пиёда кунанд.
То ин мушкилотҳо ҳалли худро наёбанд, ҳеҷ коре барои пешгирӣ аз тундравӣ муфид намешавад!

Хулоса, мушкилот на дар раванди муҳоҷират ва ё муҳоҷирон, Ислом ва ё гурӯҳҳои ифротие, ки ниқоби мусулмонӣ пушидаанд, мебошад. Балки, мушкилзои асосӣ ҳукуматҳои худкома ҳастанд!

 

Ҳамингуна конфронсҳо ва гуфтушунидҳо ҳамчунон, ки худатон шоҳидаш будед  боз ҳам бештар бо иштироки намояндагони ҳукуматҳо мегузарад ва коршиносони огоҳ ба ингуна нишастҳо кам роҳ меёбанд. Бо таҳлилҳои нодурусту ҳадафноки ҳукуматҳо магар боз ҳам ба ботлоқи ин мушкилиҳо чуқуртар ғута намезанем?  Магар ин ба нобудии миллат намебарад?

-Афсӯс, ки шеваи кори ҳукумати имрӯза фақат як роҳ дорад — вартаи ҳалокат.

Аммо, мушкили дигар он аст, ки тоҷикони берун аз ҳукумат низ дар андешаи роҳҳои ҳали масъала нестанд!
Мушоҳида мекунам, ки мухолифини ҳукумат миссияи худро дар интиқоди ҳукумронон мебинанду халос. Бояд самту шеваи корро дигар кард. Бояд мизҳои мудавар, конфронсҳо ва чорабиниҳои дигар ташкил карду гузаронд. Мухолифони сиёсӣ бояд худро саргарми ҳалли мушкилоти ҷомеа кунанд. Бо коршиносону мутахассисони иҷтимоиву иқтисодӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монанд. Ба ҷомеа дар баробари интиқодҳо барномаҳои ислоҳотӣ пешниҳод кунанд.

 

Дар бораи конфронсҳои Ошу АлмаАто чиро қайд кардан мехостед, ки ман напурсидам

-Як масъала дар ин конфронсҳо маро ба ҳайрат оварду ором намегузорад: чаро мусулмонзодаҳои Осиёи Марказӣ то ин андоза ба Ислом бадбинӣ доранд?! Суҳбатро аз ҳар самт ба суи таҳқири Ислом мекашиданд.
Хуб, аз Ислом бадбинӣ дорад, вале наход ки онҳо аз хотири падару модару гузаштаҳои худ андеша накунанд?!
Албатта, барои ба даст овардани пули ройгон чунин мекунанд, вале наход ки аз номардиву беномусии худ пеши фарзандонашон сурх намешуда бошанд?!

 

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика