Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоҲар куҷо каждуму ғундал мурда беҳтар!

Ҳар куҷо каждуму ғундал мурда беҳтар!

Ман намегӯям саге мурд,
Чунки саг – рамзи вафодорист!
Ман намегӯям харе мурд,
Чунки хар – ҳайвони корист,
Чунки говону харони борбардор,
Беҳ аз ҳар мардумозорест!*
Каждуме дар зери бурё мурд,
Ғундале ҷарор танҳо мурд!
Ҳар куҷо каждуму ғундал мурда беҳтар!
Ҳар куҷо ифриту деву лангу ангал мурда беҳтар!

Бояд ИНСОН зинда бошад,
Бояд ИНСОН зинда монад!
Душмани инсоният нобуд беҳтар,
Марг бар Шаддод бодо!
Марг бар Намруд беҳтар!

Дев агар боре мусаллат шуд ба тахти подшоҳӣ,
Кард ӯ инсонтабоҳӣ,
Подшоҳӣ бар Сулаймон буду бояд
Подшаҳ худ бандаи Халқу Худо бояд, ки бошад!

Ҳар куҷое ғайри ин ояд ба шоҳӣ,
Мекашад халқи Худоро бар табоҳӣ,
Мекунад чун деву девон рӯсиёҳӣ!
Кушт бояд ҳар куҷо шоҳе, ки хидматкораи мардум набошад,
Пуштибони ҳар куҷо мазлум набошад!

Ҳар куҷо худкомае бошад, агар аз тухмаи Дев аст,
Бачаи деви ҳама бадбахтиҳои ҳазрати Инсон!
Кушт бояд ҳар куҷо худкомаро чун Дев,
То набошад дар сарои ҳазрати Инсон!
То нагирад тахти пайғамбар Сулаймон!

Мурд Чингиз,
Дев мурд!
Мурд Темур,
Иблисе раҳ бар Ҷаҳаннам бурд!
Мурд инак золиме хон,
Душмани Ислому Инсон!
Дашнаи дашному Шайтон!

Минбари Инсон ҳамеша зурваи Виҷдони Инсон аст,
Минбари Инсон ҳамеша Руҳи нурафшони Инсон аст!
Пушти ин Минбар биё эълом кун аз қулла – аз Боми Бадахшон,
Ҳой мардум!
Бар дигар дашноми инсонҳо бигӯед,
Ин дигар дашноми Инсонро бигӯед:
Душманӣ бо ҳазрати Инсон ба ҷуз дашноми худ дар пай надорад!
Душманӣ бо дини Ислом , душманӣ бо мазҳабу адёни мардум,
Ғайри бадномӣ надорад,
Ғайри борони бало дар боми худ дар пай надорад!

Чун як Искандар бимирад,
Чун яке Чингизи дигар,
Чун яке ланги дигар болои тахти зар бимирад,
Мардумон ҷуз ин нагӯянд:
Оқибат худкомае мурд,
Ҳангии ҳангомае мурд!

Исфандиёри Назар
30.08.2016, Олмон

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика