Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоШиркати Раиси ҲНИТ дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар Варшава (аксҳо)

Ширкати Раиси ҲНИТ дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар Варшава (аксҳо)

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалие дар мавриди “Падидаи ҳиҷрати рӯзафзуни тоҷикон ба Урупо: авомил ва мудирияти он”, ки рӯзи 10-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон баргузор шуд, ширкат ва суханронӣ намуд.

Ин ҳамоиш бо ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандии Лаҳистон баргузор шуда, дар он беш аз 50 нафар аз мутахассисон ва коршиносони коркуштаи соҳаи муҳоҷират, рӯзноманигорону муҳаққиқони умури Осиёи Марказӣ, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ва марказҳои мутолиотии аврупоӣ бо шумули ҳайати ҲНИТ, ки Муҳиддин Кабирӣ дар раъси он қарор дошт, ширкат карданд.

Дар ин нишасти байналмилалӣ масоили марбут ба падидаи муҳоҷират, аз ҷумла вуруди мавҷи бесобиқаи тоҷикистониён ба Лаҳистон ва дар умум Аврупо пас аз мамнуъияти ҲНИТ дар сентябри 2015 ва вазъияти вахими ҳуқуқи башар ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Дар оғози ҳамоиш, таъкид шуд, ки ҲНИТ танҳо ҳизби динии муътадил на танҳо дар ОМ, балки дар саросари Шӯравии собиқ буда, ҳам таҷрибаи мушорикат дар идораи давлатдорӣ ва парлумонро дошта ва ҳам муборизаи озодихоҳона ва дастоварди сулҳро дар корномаи худ сабт кардааст.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, зимни суханронии худ ба масоили марбут ба вазъияти зиндониёни сиёсӣ, фишор болои фаъолони сиёсӣ ва хонаводаҳояшон, маҳдудияти бесобиқаи расонаҳо, рушди рӯзафзуни ифротгароӣ дар байни ҷавонон ва ғайра пардохт.

Муҳиддин Кабирӣ афзуд: “Яке аз омилҳои пайвастшавии адади бузурги ҷавонон ва муҳоҷирини тоҷик ба гурӯҳҳои ифротӣ ба бунбаст расидани фазои сиёсӣ дар Тоҷикистон пас аз саркуби ҲНИТ, ноумедии мардум аз механизми ислоҳоти сиёсӣ бо роҳҳои мусолиматомез ва меросӣ шудани қудрат аст.

Вай бо ишора ба ин ки яке аз сабабҳои рушди ифротгароӣ кумакҳои молӣ ва сиёсии Ғарб ба диктаторон аст, аз кишварҳои ғарбӣ ба хотири ҳимоятҳояшон аз диктаторҳо ва тақвияти ҳукуматҳои ғайридемократии онҳо интиқод кард.

Ҳамчунин раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ гуфт, ки ҳама гуна амалҳои террористӣ дар ҳар сурат маҳкум аст ва ҳеҷ рабте ба Ислом надоранд.

Сипас, намояндагони созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ҳамчунин дар бораи вазъият ва теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Аврупо ва мушкилоти онҳо сӯҳбат карданд.

Тибқи омори Созмони муҳоҷирати Лаҳистон, ки як ниҳоди давлатӣ аст, дар соли 2015 беш аз 527 шаҳрванди Тоҷикистон дар Лаҳистон дархости паноҳандагӣ карданд ва дар соли 2016 бошад, 819 нафар дархост намуданд. Муҳоҷирони тоҷик дар солҳои 2015 ва 2016 аз нигоҳи дарсадии муҳоҷирон бар асоси кишварҳо, дар ҷои дувум қарор доранд, ки мақомот ва ҷомеаи Лаҳистонро водор намудааст, то бештар ба паноҳандагони сиёсӣ аз Тоҷикистон таваҷҷуҳ диҳанд.

Дар ҳошияи  ҳамоиш Муҳиддин Кабирӣ бо як қатор роҳбарони ҳукумати Лаҳистон, устодони донишгоҳҳо ва рӯзноманигорон мулоқотҳои хосса низ анҷом дод. Аз ҷумла як вохӯрие бо тоҷикони муқими Варшава анҷом шуд, ки дар он Муҳиддин Кабирӣ дар бораи раванди муҳоҷират, роҳҳои ҳалли мушкилиҳо, пешгирии гароиши ҷавонон ба гуруҳҳои тундрав ва ғайра сӯҳбат намуда,  аз муҳоҷирони тоҷики муқими Аврупо, бахусус ҷавонон даъват намуд, ки қонунҳои кишварҳоеро, ки дар он қарор доранд, риоят кунанд ва аз ҳаргуна андешаҳои тунд ва ифротӣ дурӣ ҷӯянд.
Дар поёни кори ин ҳамоиш, ширкаткунандагон тавофуқ карданд,то дар оянда бештар рӯи паноҳандагони тоҷик кор кунанд ва авомили фарори онҳо аз кишварашонро низ бештар таҳқиқ кунанд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика