Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоВладимир Путин: Дар ягон кишвари узви СААД барои инқилоб шудан иҷоза намедиҳем

Владимир Путин: Дар ягон кишвари узви СААД барои инқилоб шудан иҷоза намедиҳем

Владимир Путин, Президенти  Россия  дар  мусоҳиба бо шоми дирӯз иброз дошт, ки Москва ба инқилоби ранга дар ягон кишвари узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (ОДКБ)   роҳ нахоҳад дод. Путин гуфт, Русия шариконаш дар ин созмонро дар муқобили талоши чунин инқилобҳо ҳимоят хоҳад кард.

«Мо назарияҳои мухталиферо медонем, ки дар минтақаҳои мухталифи олам роҳандозӣ мешаванд ва  боиси нооромии ҷиддӣ дар ин минтақаҳо мегарданд. Албатта,  мо ба чунин амалҳо набояд роҳ диҳем, Россия бо ҳар роҳу восита бояд   шарикони худро пуштибонӣ кунад”.

Путин  ҳамчунин таъкид сохт, ки Россия бо фарқ аз Қазоқистон он шаҳрвандонашро, ки ба гурӯҳҳои террористӣ шомил шудаанд, аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум намекунад, вале метавонад аз муҳоҷироне, ки соҳиби шиносномаҳои Россия шудаанд, дар сурати ҳамкориашон бо гурӯҳҳои террористӣ ин шиносномаҳоро пас бигирад.

Коршиносон мегӯянд андешаи  гирифтани пеши тазоҳуротҳо ва гирдиҳамоиҳо бо зурӣ ва истифодаи силоҳ иштибоҳ аст. Ин бархурд бо мардум аксуламал нишон дода, баракс мардуми осоишта ба хотири дифоъ аз ҷони хеш силоҳбадаст мешаванд. Дар ин ҳолат баракс хомуш намудани оташи зиддиятҳо мушкилу печидатар мегардад.

Барои пешгирии инқилобҳои рангаи эҳтимолӣ, пеш аз ҳама бояд риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин карда шавад ва ҳукуматҳои диктотурӣ, бо ислоҳот ба мардумӣ табдил ёбанд. Вагарна муҳол аст, ки бо зурӣ ва истифодаи силоҳ пеши туфони норизоиятиҳо гирифта шавад.
Ёдовар мешавем феълан ба Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Россия, Беларус, Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон ва  Қирғизистон аъзо мебошанд. Тибқи ин паймон, дар сурати таҳдиди ҳамла ё таҷовуз ба хоки яке аз кишварҳои узви ОДКБ бояд дигар кишварҳои узви ин созмон ба кумак бирасанд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика