Monday, June 16, 2025
ads
HomeХабарҳоХудкушии як таксирони “таксии 3-сомона” дар назди бинои шаҳрдории пойтахт

Худкушии як таксирони “таксии 3-сомона” дар назди бинои шаҳрдории пойтахт

Як ронандаи “таксии сесомона” баъди ҳабси мошинаш ва бо дуруштӣ ронда шуданаш аз идораи шаҳрдорӣ, дар назди он гулӯи худро бурида, ҷон додааст.

Ин ҳодиса бинобар нақли шоҳидон байни соатҳои 16.30-16.50 дақиқа рух дода, мардуми зиёде шоҳиди он будаанд. Ин овоза зуд дар шаҳр паҳн мешавад, вале Кумитаи давлатии амнияти миллӣ тамоми расонаҳоро аз нашри ин хабар манъ кардааст.

Шахсияти ин мард, ки умрашро ҳудуди 40 сол гуфта мешавад ва бинобар баъзе иттилоҳои дастрасшуда, ду фарзанд доштааст, то ҳол пинҳон дошта мешавад. Бино ба нақли як корманди шаҳрдорӣ, ин мард баъди ҳабси мошинаш барои шикоят ба назди яке аз муовинони Рустами Эмомалӣ меравад, вале ҷонишини раиси шаҳр ӯро бо тундӣ аз утоқаш меронад. Ронандаи таксӣ  ба хонааш рафта бо корд бармегардад ва дар назди идораи шаҳрдорӣ гулӯи худро бурида, ҳамонҷо ҷон медиҳад. Ҳамин корманди шаҳрдорӣ ба хабарнигори “Паём” гуфт, “дар камтарин сонияҳо қисмате аз саҳни бинои шаҳрдорӣ аз хуни ин мард, ки аз гулӯяш метаровид, сурх шуд”. Ӯ мегӯяд баъди чанд дақиқа кормандони КДАМ бо роҳбарии худи раиси он Саймӯъмин Ятимов омада тамоми дарҳоро бастанд ва Рустами Эмомалиро аз онҷо берун бурданд.

Ҳанӯз маълум нест он мард бо кордаш ба муовини Рустами Эмомалӣ ҳамла карданӣ буд ва баъди дубора роҳ наёфтанаш ба бинои шаҳрдорӣ кордро ба худаш зад ё аз аввал қасди буридани гулӯи худашро дошт.

Охирин сухани он ронанда ин будааст, ки «мисли ман онҳое кам нестанд, ки рӯзи худро бо таксиҳои сесомона мегузаронанд».

Баъди манъи фаъолияти тасиҳои сесомона, садҳо нафар бекор ва ҳамин миқдор хонавода бе ноновар мондаанд.  

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?