Оҷонсии иттилоотии ВВС силсилафилми мустанадеро бо номи Диктаторленд (Замини диктатор) дар шабакаи телевизионии худ пахш намуда истодааст, ки рӯзноманигори ҷавони инглис Бинёмин Зенд баъди дидан карданаш аз се кишвари собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ин силсилафилмро омода намудааст.
Намоиши қисми аввали ин силсилафилм санаи 30 марти соли ҷорӣ пахш шудааст, ки дар ин қисмати филм Бинёмин Зенд дар бораи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гузориш медиҳад. Гуфта мешавад, Бинёмин Зенд моҳи декабри соли 2016 аз Қазоқистон дидан карда будааст. Қисми дуюми ин филм дар бораи президенти Белорус Александр Лукашенко мебошад.
Қисми сеюми силсилафилми Диктаторленд дар бораи Тоҷикистон ва президенти мудомулҳокими он Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар ин қисм Бинёмин дар бораи парчами баландтарин, шаҳри Душанбе, тасвирҳои зиёди Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбонҳо, тамаллуқкориҳои мансабдорон нисбати президент, тарошидани риши мардон бо баҳонаи мубориза бо тероризм ва ғайра ҳарф задааст.
Бинёмин Зенд дар дохили ҳавопаймо пеш аз фуруд ба фурудгоҳи Душанбе, ҳини тарошидани ришаш мегӯяд, ришам ҳайф шуда истодааст. Аммо ба кишваре омада истодаам, ки шояд риш дарди сарам шавад.
Қаҳрамони дигари ин филм як марди ҷавоне бо номи Аслиддин мебошад, ки у худро роҳбари “ҳаракати кумакрасон ба мақомоти интизомӣ барои тоза намудани кучаҳо аз шахсони шубҳанок” муаррифӣ кардааст. Аз руи нақли Бинямин ба Аслиддин муяссар шудааст, ки ҳаёти чандин ҳамватанонашро бисузонад ва онҳоро бо тӯҳматҳо ба пулис супорад.
Як репсарои тоҷик бо номи Барон низ дар бораи сурудаҳояш дар шаъни президент Эмомалӣ Раҳмон дар ин филм суҳбати кӯтоҳе кардааст.
Аз кушта шудани муассиси «Гурӯҳи 24» шаҳид Умаралӣ Қавватов аз дасти гумоштаҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин филм қайд шудааст.
Дар давоми ин филм деҳаву рустоҳои Тоҷикистон ба навор гирифта шудааст, ки дар ин рустоҳо мардум дар ҳоли қашшоқӣ дур аз сиёсат бо ҳарос умр ба сар мебаранд.
Бинямин Зенд ҳайрон аз он шудааст, ки дар як кишвари камбизоат мисли Тоҷикистон барои сохтани парчами баландтарин, таҷлили идҳои бошукӯҳ, таъқиби дигарандешон ва ғайра маблағ ёфт мешавад, аммо касе дар қиссаи беҳбуди шароити мардуми камбизоат нест.