Марзбонони Узбекистон мегӯянд, танҳо дар моҳи март дар мaрзҳои ин кишвар 161 нафарро бо иттиҳоми сарҳадшиканӣ дастгир кардаанд. 9 нафари онҳо дар марзи Узбекистон бо Тоҷикистон дастгир шудаанд.
Кумитаи ҳифзи сарҳадоти Хадамоти амнияти миллии Узбекистон бо ҷамъбасти фаъолияташ дар моҳи март хабар дод, ки дар зарфи моҳи гузашта дар тӯли 6221 километр марзҳои ин кишвар 161 марзшикан дастгир шудаанд. 73 нафари онҳо дар марз бо Қирғизистон, 60 нафар дар марз бо Қазоқистон, 16 нафар дар марз бо Афғонистон (асосан онҳое ки дар ҷазираҳои Амӯдарё машғули ҷамъоварии решаи камол будаанд) ва 3 тани дигар дар марз бо Туркманистон боздошт шудаанд.
Бино ба гузориши марзбонҳои узбек, дар моҳи март 9 нафар бо иттиҳоми сарҳадшиканӣ дар марзи Узбекистон бо Тоҷикистон ба даст афтодаанд.
Дар бораи сарнавишти 9 нафари бо иттиҳоми марзшиканӣ боздоштшуда дар марзи Узбекистон бо Тоҷикистон дар гузориши расмии Тошканд чизе гуфта нашудааст.
Маъмулан шаҳрвандони Тоҷикистон баъди боздошт дар марз бо Узбекистон моҳҳо ва ҳатто солҳоро дар боздоштгоҳҳои он кишвар пушти сар мекарданд ва раҳоии ҳар нафари онҳо дар пайи музокироти тӯлонӣ муяссар мешуд. Баъди даргузашти Ислом Каримов ва ба курсии раисиҷумҳури Узбекистон нишастани Шавкат Мирзиёев, бархӯрд нисбат ба марзшиканҳо аз сӯи мақомоти Узбекистон каме тағйир ёфтаанд ва бисёрии онҳо тибқи маълумотҳои манобеъи огоҳ бо пардохти ҷарима метавонанд халос шаванд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, сокинони манотиқи ҳаммарз бо Узбекистон, асосан дар як ҳолатҳои баҳсӣ, аз ҷумла ҳангоми чаронидани чорво, ё моҳигирӣ ва ҳатто ҳангоми дарав дар минтақаҳои баҳсие, ки Узбекистон қаламрави худ ва Тоҷикистон аз худ мешуморанд, ба дасти марзбонҳои узбек меафтанд.
Бо вуҷуди гузашти 25 сол аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ раванди таъйин ва аломатгузории марзҳо байни Тоҷикистону Узбекистон то ҳол анҷом наёфтааст ва дар тӯли марзҳои ин ду кишвар то кунун минтақаҳои баҳсие, ки ҳар кадом замини худ мешуморад, хеле зиёданд.
Аз тарафи дигар, Узбекистон дар ибтидои солҳои 2000 бо Тоҷикистон режими виза ба роҳ андохта, марзҳояшро бо ин кишвар минакорӣ кард.
Ин равуои мардум байни Тоҷикистону Узбекистон, бахусус онҳоеро ки дар он тарафи марз хешу табор доранд, сахт мушкил кардааст. Ҳамин тавр, даҳҳо нафар бар асари таркиши минаҳо дар марзи ин ду кишвари ҳамсоя кушта ваё маъюб шудаанд.