Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоРаҳмонов лентаи иншооти сохтаи “соҳибкорони ватандӯст” —хоҳарарӯс, додарарӯс ва домодашро бурид

Раҳмонов лентаи иншооти сохтаи “соҳибкорони ватандӯст” —хоҳарарӯс, додарарӯс ва домодашро бурид

Зимни сафар ба вилояти Хатлон, Эмомалӣ Раҳмон чандин иншооти давлатӣ ва хусусиеро, ки бо маблағи буҷа аз тарафи ташкилотҳои марбут ба хоҳарарӯс, хусур ва домодаш сохта шудаанд бо буридани лента ифтитоҳ кард.
Бино ба иттилои Хадамоти Президент, Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти Муассисаи томактабии хусусии “Малика” аз ҷониби соҳибкорзани маҳаллӣ Мадина Асадуллоева, раиси ҶДММ «Собир — Самт» бунёд гардид, дидан кард. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2015 оғоз гардида, дар як муддати кӯтоҳ аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «Собир — Самт» ба анҷом расонда шуданд. Бинои боғчаи бачагон бо маблағи 400 ҳазор сомонӣ сохта шуда 25 сокини маҳаллӣ имкон пайдо кард, ки бо ҷои кор таъмин гардад. Лентаи дигар дар бинои муассисаи томактабии хусусии «Нигина» ҳамчун тӯҳфаи ҷашнӣ дар арафаи 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ҳамакнун дар ин муассиса 150 нафар кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта мешавад. Барои тарбияи онҳо 15 мураббия ба кор ҷалб гардид. Сохтмони муассисаи томактабӣ моҳи январи соли 2015 оғоз гардида буд. Фармоишгарин ин иншоот соҳибкор Мадина Асадуллоева ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Собир-Самт» мебошанд.

Мадина Асадуллоева хоҳари ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои театри мазкур барои 800 нафар тамошобин пешбинӣ гардида, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо харҷи 26 миллион сомонӣ бунёд шуд. Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамомада президент Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод. Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави дуошёнаи театр соли 2014 оғоз гардида буд ва корҳои бунёдиро дар иншооти мазкур низ пудратчии асосӣ ҶДММ «Собир САМТ» ба уҳда дошт. Дар ин ҷо беш аз 20 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла ҷои машқу тамрини ҳунармандон, ороиши чеҳра, нигоҳдории либосҳои саҳнавӣ, ошхона ва ҷой барои истироҳати ҳунарпешаҳои театр бунёд гардидааст, ки ҳама бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии соҳа таъмин карда шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти муассисаи таълимии «Гимназияи хусусии хонандагони лаёқатманди ба номи Аминҷон» — и шаҳри Қӯрғонтеппро, ки аз тарафи Амонулло Саъдуллоев, бародари ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон, ба ҳайси соҳибкор сохта шудааст, бо буридани лента тавассути қайчии сеҳрноку машҳураш оғоз бахшид. Муассисаи мазкур дар як баст 640 нафарро ба омӯзиш фаро мегирад.
Муассисаи таълимӣ дар масоҳати 5 гектар замин сохта шудааст. Маҷлисгоҳи гимназия барои 126 нафар пешбинӣ гардидааст.

Ин гимназия моликияти шахсии Амонулло Саъдуллоев бародари ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон буда, бояд хонандагон тариқи шартнома таҳсил кунанд. Маблағи таҳсил бо кисаи сарватмандони вилоят тавозун дорад.

Ҳамчунин дар маркази шаҳри Қурғонтеппа, бинои нави филиали ҶСП «Спитаменбонк» ба истифода дода шуд.

«Спитаменбонк» моликияти Ҷамолиддин Нуралиев, муовини раиси Бонки Миллӣ ва шавҳари Озода Раҳмон, духтари Эмомалӣ Раҳмон ва раиси дастгоҳи иҷроияи Президент мебошад.

Ба назар мерасад дар Тоҷикистон танҳо хешовандони Эмомалӣ Раҳмонов кор мекунанд. Дигарон аз файзу баракати эшон дар айшӯ нӯш.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика