Ташкилоти байналмилалии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF ) дар радабандии амнтарин кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистонро дар 49-умин рада қарор додааст.
Дар ин радабандӣ ҷинояткорӣ, таҳдидҳои терористӣ ва низоъҳои мусаллаҳона дар кишварҳо ба назар гирифта шуда 136 кишварро дар бар мегирад
Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин радабандӣ Қазоқистон дар 58-умин рада ва Қирғизистон дар 98-умин рада ҷой гирифтаанд. Русия дар ин радабандӣ 109-умин мақомро дорад.
Амнтарин кишвар дар ҷаҳон аз рӯи ин радабандӣ Финландия мебошад. Амороти муттаҳидаи Араб дар ҷои дувум ва Исландия севумин кишвари амн дар ҷаҳон дониста шудаандю. Тибқи ин радабандӣ ноамнтарин кишвар дар ҷаҳон Колумбия мебошад.
Қобили зикр аст, ки тибқи ин радабандӣ кишварҳои Осиёи Миёна нисбати Русия кишварҳои амн ҳисобида шуда Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Миёна амнтарин кишвар маҳсуб ёфтааст.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон аз беамнӣ ва зиёдшавии таҳдидҳои тероризм бонги хатар мезананд ва дар рӯихати Созмони пулиси ҷиноии байналмилалӣ (ИНТЕРПОЛ) теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҳатто Чин зиёд аст.
Метавон гуфт, ки бино ба ташхису таҳлили ташкилотҳои байналмилалӣ нисбати шароити амниятӣ, воҳимаҳои мақомоти Тоҷикистон нисбати таҳдидҳои экстремизму тероризм дар кишвар беасос буда, танҳо ба хотири худро қурбони таҳдидҳои терористӣ ва низоъҳои мусаллаҳона нишон дода аз худ кардани грантҳои мубориза бо беамнӣ ва эктремизму терроризми байналмилалӣ мебошад.