Tuesday, November 11, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетӮзбекистон ба Тоҷикистон мошинҳои сабукрав мефурӯшад

Ӯзбекистон ба Тоҷикистон мошинҳои сабукрав мефурӯшад

Дар бизнесфоруми , ки санаи 19 апрел 2017 дар шаҳри Душанбе шуда гузашт,  якчанд тавофуқномаҳое ба имзо расиданд, ки тибқи он минбаъд муносибати тиҷоратии ду кишвари ҳамсоя вусъат меёбад.

Яке аз асоситарин тавофуқномаҳои ба имзорасида, тавофуқи намояндагони ширкатҳои саҳҳомии “Ӯзсавдосаноат”-и Ӯзбекистон ва “Лизинвест”-у “Тоҷмоторс” –и Тоҷикистон дар бораи фурӯши  мошинҳои сабукрави истеҳсоли Ӯзбекистон дар Тоҷикистон мебошад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти миллӣ кишваре аст, ки ягон корхонаи истеҳсоли мошин ва ҳатто лавозимоти техникаҳои кишоварзиро надорад ва ҳамвора аз хориҷ бо нархҳои гарон харидорӣ мекунад.

Гардиши муносибати тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон баъди марги президенти собиқи Ӯзбекистон Ислом Каримов ва ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Дар соли гузашта гардиши савдо байни ин ду  кишвар нисбат ба соли 2015 наздик ба  6 баробар зиёд гардида, ҳаҷми зиёда аз 69,2 млн доллари амрикоиро ташкил додааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?