Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоОмбудсмени Тоҷикистон мардумӣ мешавад?

Омбудсмени Тоҷикистон мардумӣ мешавад?

Палатаи поёнии ояндаи наздик ба Қонун «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид менамояд. Масъалаи мазкур имрӯз, 1 май дар ҷаласаи Шӯро, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, баррасӣ шуд.

Маврид ба зикр аст, ки вақтҳои охир Зариф Ализода, Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири дур монданаш аз ҷомеаи шаҳрвандӣ зери бори танқиди созмону ташкилотҳои байналмилалии ҳуқуқӣ ва кишварҳои алоҳида мондааст.

Айни ҳол тибқи қонунгузории Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон як ниҳоди ҳукуматӣ буда, бештар манфиат ва ҳуқуқҳои мақомотро дифоъ мекунад. Баромадҳо ва вокунишҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон новобаста аз афзоиши тазйиқу фишори мақомот болои шаҳрвандон, ба такзиби тазйиқу фишорҳо ва пуштибонии ҳукумат нигаронида шудааст.

Дар хабари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чи тағйироте ворид хоҳад шуд ҳеҷ чизе гуфта нашудааст. Аммо умед меравад, бино ба фишорҳои созмонҳои байналмилалии ҳуқуқӣ ва кишварҳои алоҳида ин ниҳод аз ниҳоди ҳукуматӣ ба як ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд табдил ёбад.

Имрӯз аъзои Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат  инчунин лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон Созишномаи грантии (маблағгузории берунӣ) лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе — Қӯрғонтеппа) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд муҳокима гардида, ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардид.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика