Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоПуштибони Фирӯз Холмуродов кист ва баъди Оҷонсӣ навбати кадом ниҳод аст?

Пуштибони Фирӯз Холмуродов кист ва баъди Оҷонсӣ навбати кадом ниҳод аст?

Фирӯз Холмуродов, раҳбари раёсати тафтишоти Оҷонсии мубориза бо фасод, ки баъди боздошташ амволи ҳангуфте аз ӯ кашф шуд, гуфтааст ӯ пораро танҳо намехӯрд ва ба «боло» мефиристод.

Ҳаҷми пулу амволи ошкоршуда, ё аниқтараш эълоншудаи Фирӯз Холмуродов аз ҳудуди 4 миллион доллар таҷовуз мекунад: 1,3 миллион доллар пули нақд, 6 кило тилло, 31 хона дар Душанбе, 2 қаср дар Чортут, бӯстонсаро дар Варзоб, 1 хона дар Утриш ва ғайра.

Вале, аввалан маълум нест чӣ миқдоре аз ин пулу амвол ошкор шудааст ва чӣ миқдораш эълон. Ҳар касе аз шеваи кори мақомоти интизомиву тафтишотии Тоҷикистон огоҳ аст медонад, ки ҳангоми кофтукоб ва ошкорсозӣ, миқдори бузурги маблағҳои ёфтшуда аз тарафи ошкоркунандаҳо ва муфаттишон дуздида мешавад. Ҳатто дар сурати пурра эълон шудани ин пулу амвол ҳам ин имкон бузург аст, ки қисми дигари он метавонад ошкорнашуда боқӣ монад. Ҳамчунин то ҳанӯз миқдори пулҳои Холмуродов дар суратҳисобҳои хориҷиаш эълон нашудааст, ки метавонад ба маротиб бештар аз маблағҳои ёфтшуда бошад.

Вақте як роҳбари раёсат тавонистааст бо пора ин қадар боигарӣ ба даст гирад, як вазир чӣ қадар сарват дорад? Ва вақте ин миқдор кормандони як кумита ба фасод олудаанд,магар раиси вақт ва руасои қаблиашон аз фасод поканд?

Ва инак маълум шуд, ҳамон “боло”-е, ки Фирӯз Холмуродов ном бурдааст кист. Тибқи иттилои манбаъи мӯътамади “Паём” ин нафар Абдуфаттоҳ Ғоиб, раҳбари Кумитаи гумрук ва собиқ раҳбари Оҷонсии мубориза бо фасод будааст, ки он замон Фаттоҳ Саидов ном бурда мешуд. Абдуфаттоҳ Ғоиб аввал кӯшидааст Фирӯз ва дигар нафарони “зери назораташ” қарордоштаро наҷот диҳад, вале баъди он, ки фаҳмидааст кор ҷиддитар аз пиндораш аст, аз онҳо даст шустааст.

Боздоштҳо мустақиман бо амри раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст, ки сабабашро манбаъи мо аз ҳад гузаронидани ин гурӯҳ, пинҳон кардани қисамте аз даромадҳояшон аз “боло” ва кӯшиши мустақилият нишон доданашон номид. Тибқи гуфтаи ӯ Оила қарор дода буд ин гурӯҳро ба ҷояш нишонад, вале интизор надоштанд, ки ин қадар маълумот ва асрори зиёд кашф мешавад. Маълумоте, ки кашф шудааст, на танҳо курсии Абдуфаттоҳ Ғоиб, балки чанд вазиру раиси кумитаи дигарро ҳам ба ларза даровардааст. Кор то ҷое расидааст, ки масъалаи аз кор сабукдӯш кардани Ғоиб ҳам дар Оила баррасӣ шуда, вале пофишории Рустам дар ҳимояи ӯ ин масъаларо ҳалношуда боқӣ гузоштааст.

Тибқи қисмате аз маълумоти кашфшуда, Кумитаи андози Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Оҷонсии зидди фасод як усули ҷамъоварии маблағҳои бузургро ба роҳ монда будаанд. Ин усул ба соҳибкорону корхонаҳо бор кардани андозҳои иловагӣ будааст. Тафтишҳо нишон додаанд, ки он андозҳои иловагии ба соҳибкорон бор кардашуда, ситонида намешудаанд. Маълум шудааст соҳибкорон бо пардохти ними он ба кормандони Кумитаи андоз, ки баъдан қисми он дар дасти кормандони Оҷонсӣ қарор мегирифтааст, аз он андози иловагӣ халос мешудаанд. Манбаъи мо мегӯяд дар ин тарҳи пулкоркунӣ аксари мансабдорони Кумитаи андоз ва Оҷонсӣ ҷалб шудаанд.

Имкон дорад қисми зиёде аз мансабдорони Кумитаи андоз ҳам ба ин парванда ҷалб шаванд. Манбаи мо мегӯяд ҳоло мансабдорони ин ниҳод оҷилан ба ҷамъоварии маблағи бузурге пардохтаанд, то худашон ва ниҳодашонро аз ҷалб шудан ба ин парвандаи бузург наҷот диҳанд. Вале масъалаи Нусратулло Давлатов, роҳбари кумитаи андоз тақрибан ҳал шудааст ва имкони аз кор ронда шуданаш хеле бузург аст.

Манбаъ мегӯяд, имкони ҳабс нашудан ва ҳатто дар вазифа мондани ӯ ҳам вуҷуд дорад, ки бо пардохти маблағи хеле бузург сурат бигирад. Тибқи иттилои як манбаи дигар хешовандони Нусратулло Давлатов дар такопӯи сахт афтода, аз баъзеашон кӯшиши фурӯхтани амвол мушоҳида шудааст. Бо фурӯхтани амвол онҳо мехоҳанд аз кишвар фирор кунанд ё ҷони Давлатовро бихаранд, ҳанӯз маълум нест.  

Ин тамоми маълумоти то имрӯз дастрасшуда нест. Ва маблағи кашфшуда аз Фирӯз Холмуродов дар муқоиса бо маблағҳое, ки маълум мешавад вазирону раисони кумитаҳо додугирифт мекунанд, қатрае аз баҳр аст.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика