Кумитаи давлатии амнияти миллӣ зимни тафтиши хонаи модари Давлат Хайрзода, муовини боздоштшудаи раҳбари Оҷонсии мубориза бо фасод, аз онҷо 35 миллион доллар пайдо ва мусодира кардааст.
Дар ин бора яке аз ширкаткунандагони ин бозҷӯӣ бо шарти ифшо нашудани номаш ба “Паём” иттило дод. Ӯ навиштааст, кормандони КДАМ ногаҳонӣ ба хонаи модари Хайровҳо дар дараи Ромит омада, ба тафтиши он шурӯъ кардаанд, ки дар натиҷаи он ин маблағи бузург пайдо шудааст. Ӯ дар номааш маблағро 350 000 000 (се саду панҷоҳ миллион) доллар навиштааст ва «Паём» тахмин мезанад, ки шояд як сифр тасодуфан изофа шудааст, чун ин маблағи нақдӣ хеле бузург аст ва имкони дар як ҷо нигоҳ доштани он баъид ба назар мерасад.
Ин хабар ҳанӯз аз тарафи манбаҳои дигар ва ҳеҷ ниҳоди расмие тасдиқ нашудааст ва маълум нест он маблағ танҳо ба Давлат Хайрзода тааллуқ дошт ё ба ҳамаи хонаводаи Хайровҳо, ки тиҷоратҳои бузурге ҳам дар сохтмон ва савдо доранд. Бозори шаҳри Ваҳдат ҳам мутааллиқ ба ин хонавода аст.
Давлат Хайрзода, ки аз замони таъсисёбии Оҷонсии мубориза бо фасод то замони боздошташ дар ин ниҳод кор кардааст, вазифаи муовини роҳбари онро адо мекард ва баъди боздошт шудани Фирӯз Холмуродов, раҳбари раёсати тафтишотии ин оҷонсӣ, боздошт шуд. Ӯ тибқи як фарзия дар фурӯдгоҳи Хуҷанд ва тибқи фарзияи дигар ҳангоми убури сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздошт шудааст.
Қаблан расонаҳо аз кашфи 1300 ҳазор доллар пули нақд, 6 кило тилло, 35 хонаву ҳавлӣ ва суратҳисобҳо дар хориҷи мутааллиқ ба Фирӯз Холмуродов хабар дода буданд, ки ҳеҷ ниҳоди давлатӣ то ҳанӯз ин қазияро шарҳ надодааст.
Тибқи иттилои як манби дигар, варзишгоҳи марказии ва бозори шаҳри Ваҳдат низ дар ҷараёни тафтишот мусодира шуда, имкон дорад рӯзҳои наздик бозор ба фурӯш гузошта шавад.