Фатҳуллоев Самеъ — ҷонишини сардори Шӯъбаи тафтишотии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва собиқ муфатиши ВКД Ҳакимов Музафар бо сохтакориҳо дар парвандаи вакили маъруфи дифоъ Бузургмеҳр Ёров, ӯро аз як нафари бегуноҳияш собитшуда ба ҷинояткор табдил ва равонаи зиндон намуданд.
Дар ин бора вакили дифоъ ва бародари Бузургмеҳр — Ҷамшед Ёров хабар додааст. Ӯ мегӯяд “тафтишоти парвандаи Ёров Бузургмеҳр ва Нуриддин Маҳкамовро ин ду нафар пеш мебурданд. Маҳз ҳамин муфаттиш аз парванда 90 саҳифа баёноту дархостҳои бародарам Бузургмеҳрро гирифта партофт. Хулосаи ташхиси забоншиносӣ, равоншиносӣ, диншиносӣ ва сиёсатшиносиро, ки вобаста ба парвандаи Бузургмеҳр дар вилояти Суғд гузаронида шуда буд, аз парванда нест кард. Мутобиқи хулосаи ин ташхис дар кирдорҳои Бузургмеҳр ва Маҳкамов Нуриддин аломатҳои чиноятҳои бо моддаҳои 189, 307 ва 307 қисми 1 КҶ пешбинишуда, дида намешуд.”
Ҷамшед мегӯяд ин ду муфаттиш қабл аз оғози ҳар баррасӣ, танаффусҳои байни он ва ҳатто ҳангоми мурофиъаи судӣ бо «ҷабрдидагон»-и парванда дар саҳни бинои додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ сӯҳбатҳои профилактикӣ мегузарониданд. “Азбаски «ҷабрдидагон» хоҳиши омадан ва нишондод доданро надоштанд, Фатҳуллоев ва Ҳакимов онҳоро маҷбурӣ, тарсонида ба суд меоварданду чӣ гуфтанро ба онҳо ёд медоданд. Яьне аз доираи ваколатҳои хизматиашон мебаромаданд. Даъвати шоҳид ва ҷабрдидагон ба мурофиаи судӣ вазифаи котиби суд ва пристави судӣ аст, на муфатиши парванда.”
Бародари Бузургмеҳр ҳамчунин дар бораи порахӯрии ин ду муфаттиш нақл кардааст, ки “Фатхуллоев Самеъ автомашинаи Хосият Ёрова ва Нуриддин Маҳкамовро чун далели шайъӣ дар бинои УБОП маҳкам кард. Вале писарони Маҳкамов бо додани пора ба ҳаҷми 3000 $ дар муддати 2 рӯз автомашинаашонро аз ҳабс озод карданд. Хосият, ки пора надод пас аз 6 моҳ автомашинаро тавонист баргардонад.”
Ҳамчунин Ҷамшед аз дуздиву қаллобии ин ду ҳикоят карда, мегӯяд: “Ҳангоме, ки ман маблағи «ҷабрдидагон»-ро ба воситаи муфаттишон Фатҳуллоеву Ҳакимов пардохт кардам, ин маблағҳо ба «ҷабрдидагон» Ҳафизова Бибираҳима ва Собирова Н. нарасиданд. Муфаттишон онро аз худ карданд.”
Баъдан бо шикояти наздикони Бузургмеҳр, нисбати Ҳакимов Музафар парвандаи ҷинояти оғоз шуда буд вале бо татбиқи санади авф ӯро аз зиндон озод карданд. Вале тибқи иттилои Ҷамшед, Фатҳуллоев пас аз анҷоми тафтишоти парвандаи Бузургмеҳр ва Нуриддин Маҳкамов дар ВКД ба вазифаи болотар гузашт. Дар ҳоле, ки “Фатхуллоев Самеъ дар тамаъ ва гирифтани 25000$ аз оилаи Бузургмеҳр низ шарик буд, вале ӯ дар парвандаи Ҳакимов Музаафар чун шохид гузашт.”
Тибқи иттилои Ҷамшед Ёров, Фатҳуллоев ҳамкурс ва ҳамкори Бузургмеҳр будааст, ки дар шӯъбаи корҳои дохилӣ якҷоя фаъолият кардаанд.