Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоРустампулӣ

Рустампулӣ

Шӯъбаҳо ва раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва беморхонаҳо муваззаф шудаанд барои ободонии Душанбе маблағ супоранд.

Тибқи иттилои манбаъи “Паём” аз Вазорати корҳои дохила, ҳар шӯъбаи ин вазорат, раёсатҳои вилоятӣ ва марказии он муваззаф шудаанд “дар ободии пойтахт саҳмгузор бошанд” ва ҳади ақали ин саҳм 40000 сомонӣ муайян шудааст. Худи милисаҳо номи ин “амалиёт”-ро “шаҳрпулӣ” ва “рустампулӣ” гузоштаанд.

Манбаи мо мегӯяд сардорони шӯъба ин маблағро аз милисаҳо талаб мекунанд ва онҳо маҷбуранд бароидарёфти он ба “шикор” бароянд. Яъне ҷинояткор пайдо намуда, ӯро бидуни расид (квитансия) ҷарима банданд, ҷун вақте расид навишта шуд, он пулро намешавад барои “рустампулӣ” истифода кард. Дар сурати пайдо нашудани ҷинояткор, маҷбуранд аз бегуноҳе ҷинояткор созанд.

Тибқи гуфтаи манба, аз ин “амалиёт”-и раиси Душанбешаҳр ва фарзанди раисҷумҳур Рустами Эмомалӣ дар Вазорати корҳои дохила, бештар аз ҳама кормандони бовиҷдоне, ки бо ҳамон моҳонаашон фаъолият мекунанд, ҷабр дидаанд. Ӯ мегӯяд “корманди БДА ё кофтукоби ҷиноятӣ ин пулро дар як-ду рӯз пайдо мекунад, вале як корманди бовиҷдон ё идоравӣ, ки “левак” надорад, бояд ҳади ақал ними моҳонаашро барои “рустампулӣ” ҷудо кунад.

Табибон ҳам дар ҳамин ҳоланд. Чун беморхона муваззаф шудааст, ки ҳади ақал 40000 сомонӣ барои “рустампулӣ” пардохт кунад, онро ба сари табибонаш тақсим кардааст. Табибон албатта он пулро аз бемор бояд ситонанд.

“Акнун дар ин чанд рӯз пулситонии табибон аз беморон зиёдтар мешавад, ки аз паи он шикояти беморон ба мо (ВКД) ва Оҷонсии зидди фасод ҳам мефазояд. Дар натиҷа мо ё Оҷонсӣ бояд табиберо, ки барои “рустампулӣ” аз бемор пул ситонидааст, дастгир кунем. Дар ҳоле, ки худамон ҳам мз ҳамин кор ҷабр дидааем” — гуфт манбаи “Паём”.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои манбаи дигар, бузургтарин ҷабр болои табибони беморхонаи Қарияи боло фаромадааст. Бино бар ин, ки рӯзҳои наздик раисҷумҳур бояд ба ин беморхона “ташриф” биёварад, табибони он муваззаф шудаанд беморхонаро аз ҳисоби худашон таъмир кунанд. Яъне ба изофаи “рустампулӣ” табибони қарияи боло бояд “таъмирпулӣ барои ташрифи “Пешвои миллат”” низ ҷамъоварӣ кунанд.        

 

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика