Файзинисо Воҳидова, вакили маъруфи дифоъ ҳангоми убури марзи Тоҷикистону Қирғизистон боздошт шудааст. Сабаби боздошташро сарҳадбонон мамнӯъ будани хурӯҷаш аз Тоҷикистон номидаанд.
Дар ин бора сомонаи “Ахбор” иттило додааст. Ин сомона хабар медиҳад, ки Воҳидова ҳамроҳ бо хонаводааш мехостааст ба ҷанозаи ҷиянаш биравад, ки дар ноҳияи Лаклак ба ҳалокат расидааст. Вале марзбонон гуфтаанд хурӯҷи ӯ аз Тоҷикистон тавассути Кумитаи давлатии амнияти миллӣ манъ шудааст.
Тибқи иттлои “Ахбор” сар аз соати 7-и субҳ то ҳанӯз Воҳидова дар марз нигоҳ дшта мешавад, то кормандони Кумита барои бурданаш бираванд. Хонаводааш ҳам баъди манъи Воҳидова аз идомаи сафар худдорӣ кардаанд.
Қаблан, баъди муроҷиаташ ба раисҷумҳур, кормандони КДАМ Файзинисо Воҳидоваро давоми се рӯз зери бозпурсӣ қарор дода буданд. Дар муроҷиаташ ба раисҷумҳур, ӯ аз раванди мурофиа ва бархӯрд бо Бузургмеҳр Ёров изҳори нигаронӣ намуда, аз раисҷумҳур хоста буд нагузорад Тоҷикистон ба соли 1937 баргардад.
Сабаби манъи хурӯҷи Воҳидоваро коршиносон дар дархости Ёров аз ӯ барои дифояш дар додгоҳҳои байналмиллал медонанд. Бузургмеҳр Ёров бо ирсоли як номаи саркушода аз Воҳидаова хоста буд ӯро дар додгоҳҳои байналмилал намояндагӣ кунад.