Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоМавҷи нафрати ВАО-и Русия алайҳи Э. Раҳмон, ки монеъи “Полки абадӣ” шуд

Мавҷи нафрати ВАО-и Русия алайҳи Э. Раҳмон, ки монеъи “Полки абадӣ” шуд

Эмомалӣ Раҳмон тавассути Русия ва Ӯзбекистон бар сари қудрат омаду президенти Тоҷикистон шуд ва то ба ҳол ба лутфи Русия бар сари қудрат аст. Агар ҳимоятҳои Русия аз ӯ набуд, кайҳо аз сари қудрат барканор мешуду халқи тоҷик аз дасти ӯ ва оилаву атрофиёнаш роҳат мешуданд.

Русия ва Ӯзбекистон қатъан дар қиболи хостаҳое Э.Раҳмонро ҳимоят мекунанд, аммо Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоли ҳозир табдил ба як фарди қудратманде дар Тоҷикистон шудааст, ки ҳамаи тарафдорон ва кадрҳои Русия — монанди М. Убайдуллоев, Зайд Саид ва даҳҳо нафари дигарро бо баҳонаҳои беасос ба кунҷи зиндон андохт. Кадоҳое, ки пурнуфузтарин ва қудратмандтарин баъд аз Раҳмон буданд, аз кор гирифт ва арсаро барои онҳо  танг ва тазъифашон кард. Баъд аз инки ҳамаи кадрҳои Русияро аз кор барканор карду ҳамаи хешутабори худро бар сари қудрат овард, алайҳи Русия шохкаширо шурӯъ кард ва дар муқобили фармон ва хостаҳои Путин ва Русия истод, ки хашми мақомоти Русияро барангехтааст ва анқариб умед аст, ки Русия дар фикри ҳазфи Раҳмон шаваду шахси дигареро ҷойгузини ӯ намояд. Ҳафтаи гузашта, ки рӯзи Иди Ғалаба (09 май) буд, Эмомалӣ Раҳмон аз фармони Русия сар печидд ва ин сабаб шуд, ки садҳо тоҷик кушта, ихроҷ, мавриди ҳамлаи русҳо шуданд ва мавқи нави тоҷикҳаросӣ (таджикафобия) дар Русия оғоз шуд, ки аз ин пас вазъият барои тоҷикҳо бадтар мешавад.

ВАО-и Русия дар садҳо барномаи телевизионӣ, радиоӣ, газета, маҷала, интернет ва сайтҳои хабарӣ ба тоҷикҳаросӣ пардохта, ҳукумати Раҳмонро ба интиқод мекашанд.

Полки абадӣ чист?

Полки абадӣ параде аст, ки рӯзи 9 май бахшида ба Иди Ғалаба ва таҷлил аз иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ баргузор мешавад. Дар он ҳазорон нафар роҳпаймоӣ карда, акси бобоҳояшон дар даст ба шаҳр мебароянд ва ба ин тариқ пирӯзӣ, қаҳрамониҳо, ҷоннисориҳо ва фидокориҳои иштирокчиёни ҷанги солҳои 41-45-и асри гузаштаро ёд мекунанд. Солҳои пеш ин парад дар Душанбе бе ҳеҷ монеъ ва баҳонае баргузор мешуд, аммо имсол Эмомалӣ Раҳмон аз ин кор ҷилавгирӣ кард. Ва бо вуҷуди ин, ки раисҷумҳури Тоҷикистон  монеи баргузории он шуд, ин парад дар Душанбе ташкил карда шуд ва Русия бинии Раҳмонро ба замин молид. Ва ин худ навиде аст бар он ки Русия аз Раҳмон ва нофармониҳояш хастаа шудааст ва мехоҳад монеаро аз пеши пой бардорад.

Чаро Э. Раҳмон монеи полки абадӣ шуд?

Эмомалӣ Раҳмон бо монеъ шудани паради полки абадӣ мехост, аввалан ба Русия бифаҳмонад, ки ман низ барои худ касе ҳастам ва метавонам монеъи нуфузи Русия ба дастгоҳи иҷорияи Тоҷикистон шавам. Сониян бо заъми худ аз сӯиистифодаи мухолифон аз роҳпаймоии полки абадӣ ҷилавгирӣ кунад, чун эҳтимол медод, ки касоне ба парад оянду аксҳои кушташудагони ҷанги шаҳрвандии солҳои 92 ро дар даст гиранд. Саввум ба Русияпаём диҳад, ки ғайр аз Раҳмон ва оилааш ҳеҷ кас дар Тоҷикистон бар қудрат нест ва Русия бояд Рустами Эмомалӣ ё Озода Раҳмонро ба унвони президенти ояндаи Тоҷикистон бипазирад ва аз онҳо ҳимоят кунад. Чаҳорум, ба ин тариқ мехоҳад аз Русия пули бештаре биканад, то ҳар фармоне ки мебарорад ҳатман пул низ барои иҷрои он диҳад.

Натиҷаи иқдоми Раҳмон чӣ шуд?

Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ҳамаи саҳнаҳо ва ҳамаи музокироте ки бо Русия анҷом медиҳад аз пеш шикаст хӯрдааст ва бо вуҷуди ин ки медонад шикаст хӯрда, залилу хор мегардад ва дар арсаи байналмилал худашро ба ҳақиртарин фард табдил мекунад, боз ҳам ба майдоне мебарояд ки натиҷааш аз пеш шикаст хӯрдан аст. Ӯ на танҳо шикаст хӯрда дар чашми тоҷикон худро ҳақиртар мекунад, балки аз пушти сиёсатҳои бехирадонаи ӯ халқи муҳоҷири тоҷик дар Русия ба азобҳои фаровон дучор мешаванд. Чунин ба назар мерасад, ки Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад мардуми муҳоҷири тоҷики дар Русия буда фишорҳову шиканҷаҳову мусибат бар сарашон борад, чун дидаю дониста ба ҷанги Русия меравад ва медонад ки натиҷааш чизе ҷуз хорӣ барои худ ва азобу мусибату бадбахтӣ барои муҳоҷирони корӣ намешавад.

Илова бар ин ки кори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро сахт кард, як тоҷикҳаросие дар ВАО-и Русия ба роҳ андохт, ки ин бор ҳеҷ русе ба ҳеҷ тоҷике раҳм нахоҳад карду бадбахтиҳо бар сари муҳоҷири тоҷик аз замину осмон хоҳад борид.

Русия чӣ иқдоме анҷом дод?

Русия бо вуҷуди манъи мақомоти тоҷик ва иҷозат надодан ба паради полки абадӣ, роҳпаймоиро баргузор кард ва ба Раҳмон фаҳмонд, ки иродаи ту дар муқоиса бо иродаи Русия ҳатто дар дохили Тоҷикистон рақаме нест ва агар Русия хоҳад ҳамаи корро дар Тоҷикистон бо мумониат ё иҷозати мақомоти Тоҷикистон анҷом медиҳад. Раҳмон фаҳмид, ки хашми Русияро алайҳи худ барангехт ва аз ин пас бо Раҳмон дигар хел гап мезананд ва Раҳмон чӣ бихоҳад ва чӣ нахоҳад хостаи Русияро тамому комил иҷро мекунад. Агар аз фармони Русия сар боз занад, ӯ ва оилааш аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ҳазф шуда, каси дигар ҷойгузинаш хоҳад шуд. Ба ҳамин хотир буд, ки Раҳмон ва Рустам ҷудо аз ҳамдигар ҳадяе ба қаҳрамонони Ҷанги бузурги ватанӣ доданд, то назари онҳоро ба худашон ҷалб кунанд. Хашми Русия алайҳи Раҳмон ва иқдоми он ба баргузории роҳпаймоии полки абадӣ бо вуҷуди манъи Эмомалӣ Раҳмон навиде аст бар ин, ки Раҳмон низ дар сарошебии суқут қарор гирифтааст ва умед аст ки дастони ӯ ва оилааш аз гулӯи мардуми тоҷик кӯтоҳ шавад.

Э. Раҳмон ва мақомоти тоҷик дар ВАО-и Русия

ВАО-и Русия алайҳи Э. Раҳмон чунон интиқодҳо ва чунон суханони рақиқу зиште гуфтанд, ки обрӯе барои ӯ нагузоштанд. Чанд намуна аз онро ба унвони намуна меорем:

«Эмомали Рахмон любит время от времени напоминать о себе, о своей власти в республике — решение по «Бессмертному полку» продиктовано исключительно политическими соображениями. Никаких норм ислама такая акция не нарушает», — пояснил эксперт. (РИА Новости).

“Чистое лицемерие – именно такими словами оценивают жители Таджикистана противодействие…” (РАН)

В Таджикистане русофобы запретили акцию «Бессмертный полк» (РАН)

“Респонденты называли исламскую мотивацию властей чистым лицемерием. «За последние годы Рахмон провел несколько волн репрессий против мусульман, начиная с насильственного сбривания бород и заканчивая тем, что объявлен запрет на религиозную одежду в общественных местах. Поэтому не рахмоновской власти говорить об исламских ценностях. Респонденты говорят о том, что это в русле запретов на любую общественную активность.” (Информационное агентство Русского Общественного Движения «Возрождение. Золотой Век»)

Ҷамшеди Хатлонӣ

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика