Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоДаҳ мӯъҷизаи ҷуғрофӣ

Даҳ мӯъҷизаи ҷуғрофӣ

  1. Сӯрохи Бузурги Кабуд

 

Қисме аз силсилаи теппаи дарёи бо номи Сӯрохи Бузурги Кабуд тахминан дар 100 километрии қисми материкии Белиз-Сити (Белиз — кишваре дар Амрикои Марказӣ, дар соҳили баҳри Кариб)  Сӯрохи давраии қариб комил, ки қутраш 400 ва умқаш 150 метр аст, яке аз ҷолибтарин макони ғӯтавари дар ҷаҳон аст.

2. Дарвозаи дӯзах (Ӯзбекистон)

Аҳолии маҳаллӣ ин ҷойро дарвозаи дӯзах номидаанд. Он дар Ӯзбакистон, наздикии шаҳрчаи хурди Дарвоз воқеъ аст. 35 сол қабл заминшинос (геолог)-ҳо ҳангоми ҳарфи замин барои гирифтани гоз як ғори зеризаминие пайдо карданд. Он ғор чунон бузург буд, ки дарҳол тамоми таҷҳизоти заминшиносон дар он фурӯ рафт. Ҳеҷ касе бинобар гозе, ки он ғорро пур карда буд, ҷуръати поён рафтан накард. Дертар он гозро касе оташ зад ва инак 35 сол аст, ки месӯзад. Ҳеҷ кас намедонад, дар ин муддат чанд тонна гоз сӯхта шудааст.

  

  1. Мавҷ (байни Аризона ва Юта — ИМА)

Зебоии ҳақиқии ин кӯҳҳои сурх дар сарҳади Аризона ва Юта аз теппаҳои қумие, ки умрашон 190 миллион сол аст, шакл гирифтааст, ки баъдан ба шах табдил шудаанд. Ин макон шадидан зери назорат аст ва танҳо пиёда мешавад ба онҷо рафт.

  1. Дараи Гавазн (Аризона — ИМА)

Пурсайёҳтарин дара, ки дар аксгирӣ шудан ҳам рекордӣ аст, дар ҷанубу ғарбии Амрикои Шимолӣ дар наздикии Пейҷи Аризона қарор гирифтааст, ки Дараи (конюн)Гавазн ном дорад. Вай аз ду равзанаи алоҳидат байникӯҳӣ иборат аст, ки яке Дараи Гавазни болоӣ ва дигаре Дараи Гавазни поёнӣ номида мешавад.  

  1. Ғори булӯрии Ғӯлҳо (Мексика)

Ин ғор пур аз булӯр(кристалл)-ҳои бузург аст, ки аз дар натиҷаи тағйиротҳо дар табиат давоми миллионҳо сол шакл гирифтаанд. Ғор дар кӯҳ пайдо шудааст ва хеле қадимӣ аст. Булӯрҳои он нимшаффоф буда рангҳои асосиаш сафед, кабуд ва тиллоӣ мебошад.

  1. Чашми Сахара (Мавритания)

Ин манзараи мафтункунандаи Мавритания дар қисме аз биёбони Сахара он қадар бузург аст, ки аз кайҳон дида мешавад. Макон Риша ё Чашми Сахара номида мешавад. Аввал одамон фикр мекарданд, ки он дар натиҷаи афтодани ҷирми осмонӣ пайдо шудааст, вале ҳоло заминшиносон ба ин ақидаанд, ки он дар натиҷаи вайроншавии хок ва боло рафтани таркиби он пайдо шудааст. Сабаби шакли гирд гирифтани он то ҳол маълум нест.

  1. Ғори кӯли кабуд (Бразилия)

Ноҳияи Мату-Гросу-ду-Сул дар Бразилия (ва хусусан дар шаҳри ороми Бонито) кӯлҳои ҳайратовари зеризаминии зиёде дорад: Gruta do Lago Azul, Gruta do Misomo, Akuario Natural. Ғори дар тамоми ҷаҳон машҳури «Gruta do Lago Azul» осори таърихии табиат шумурда шуда, дар дохилаш сталактит, сталагмит ва кӯли хеле бузурги кабуде шакл мегирад. Зебогии он ҳайратовар астю Ғори Кӯли Кабуд аз анвои геологӣ ҳам бой аст, вале бештар бо обҳои кабуд ва кӯли сарпӯшида буданаш машҳур аст.

  1. Пайраҳаи ғӯлҳо (Ирландияи шимолӣ)

Масоҳаташ ҳудуди 40000 сутунҳои мутақорини (симметрии) бозолтӣ аст. Пайраҳаи Ғӯлҳо натиқаи беруноии вулқонҳо дар қадим аст. Дар соҳилҳои шимолу шарқии Ирландия қарор гирифта, сутунҳояш бештар шашкунҷа ҳастанд, ҳарчанд баӯзеашон 4, 5, 7 ё 8 кунҷ ҳам доранд. Баландтаринаш ҳудуди 12 метр аст. Соли 2005 дар натиҷаи пурсиши родиёи Таймс Пайраҳаи Ғӯлҳо мӯъҷизаи 4-уми табиии Бритониёи Кабир эътироф шудааст.  

  1. Шахи мавҷдор (Австралия)

Шахи (кӯхи сангин) мавҷдор як кӯҳи табии воқеъ дар Австралияи Ғарбӣ аст. Чунин номро ба он хотир касб кардааст, ки шахҳояш намуди мавҷҳои баланди уқёнисӣ доранд. Масоҳати умумиаш якчанд гектар аст. Баландии мавҷ 15 ва дарозиаш 110 метр мебошад.

  1. Теппаҳои шоколадӣ (Филиппин)

Теппаҳои шоколадӣ аз 1268 теппа иборат аст, ки шакли конусии комил доранд. Ин силсилаи аҷиби ҷуғрофиёӣ, ки ҳамаи теппаҳояш ҳаҷмии якхела доранд, дар масоҳати 50 километри квадратӣ ҷойгир шудаанд.  Ин макон дар Бохоли Филиппин воқеъ гаштааст.

 

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика