Sunday, August 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКумитаи Ҳелсинкии Норвегия аз Тоҷикистон хост, фишор болои пайвандони мухолифонро бас кунад

Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия аз Тоҷикистон хост, фишор болои пайвандони мухолифонро бас кунад

Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардааст, ки фишор ва таъқиби пайвандони фаъолону мухолифони ҳукуматро фавран қатъ кунанд. Ин ниҳоди ҳуқуқи башар мегӯяд, ки дар ҳафтаҳои ахир наздикони чандин чеҳраи мухолифи ҳукумати Тоҷикистон бо қатъи нерӯи барқ, бозпурсӣ ва дигар фишорҳо рӯбарӯ шудаанд.

Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия дар баёнияе, ки рӯзи 25 октябр нашр шудааст, гуфтааст, ки баъзе аз пайвандони фаъолони дар хориҷбуда тақрибан ду ҳафта аз дастрасӣ ба нерӯи барқ маҳрум шудаанд.

Дабири кулли Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия Берит Линдеман ин амалҳоро маҳкум карда, гуфтааст, ки ҷазо додани пайвандони мунтақидон бидуни мурофиаи қонунӣ на танҳо ба маънои татбиқи ҷазои дастаҷамъӣ ва нақзи волоияти қонун аст, балки ба озодиҳои бунёдӣ низ таҳдид мекунад.

Линдеман аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ҳама гуна фишор болои пайвандону наздикони мухолифонро фавран бас кунанд. Вай ҳамчунин аз шарикони демократии Тоҷикистон даъват кардааст, ки Душанбе ба хотири чунин амалҳо ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Қатъи барқи модари Шарофиддин Гадоев

Ба гуфтаи ин кумита, рӯзи 11 октябр кормандони идораи барқи ноҳияи Фархор нерӯи барқи хонаи Ойишамо Абдуллоева, модари Шарофиддин Гадоев, яке аз раҳбарони Паймони миллии Тоҷикистон,ро қатъ кардаанд.

Абдуллоева, ки гирифтори диабет аст, гуфтааст, ки ҳар моҳ маблағи барқро пардохт мекард ва қарзи барқӣ надошт. Аммо ба гуфтаи ӯ, кормандони идораи барқ сабаби қатъ кардани нерӯи барқро ба фаъолияти писараш рабт додаанд.

Гадоев ба Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия гуфтааст, ки кормандони идораи барқ ба модараш гуфтаанд: «Писаратон дар Олмон баромад карда, президентро танқид кардааст, фармон аз боло аст».

Фишор ба дигар хонаводаҳо

Ҳамчунин, рӯзи 20 октябр кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба хонаи бародари Шарофиддин Гадоев рафта, ба аъзои хонавода гуфтаанд, ки фаъолияти писарони онҳо, ки дар Русия муҳоҷири корӣ ҳастанд, дар интернет назорат мешавад.

Мавриди дигар ба Ойиша Мирзоева, модарандараи Суҳроби Зафар, раҳбари «Гурӯҳи 24», ва хоҳари генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев, марбут дониста мешавад. Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 12 октябр мақомот сими барқи манзилашро буридаанд.

Сардори шуъбаи барқи ноҳия, тибқи иттилои расида ба Кумитаи Ҳелсинки, сабаби қатъи барқро ба «фармони боло» рабт дода гуфтааст, ки агар ӯ норозӣ бошад, метавонад худаш барои шикоят муроҷиат кунад.

Рӯзи 13 октябр низ кормандони идораи барқ ва маъмурони интизомӣ ба манзили модари Фарҳод Одинаев дар рустои Турдибобои ноҳияи Ҳисор рафта, барқ ва оби ошомидании хонаро қатъ кардаанд. Баъд аз чанд рӯз модари Одинаев, ки аз дастрасӣ ба обу барқ маҳрум шуда буд, Тоҷикистонро тарк карда, ба Русия рафтааст.

Дар ноҳияи Ашт низ, тибқи гузориши Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия, интиқоли барқ ба хонаҳои се амаки Илҳомҷон Ёқубов, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо, қатъ шудааст.

Се амаки Ёқубов дар авоили моҳи октябр боздошт шуда, баъд аз сабти наворҳои маҳкумкунандаи фаъолияти Ёқубов озод шудаанд.

Бисёре аз хонаводаҳо аз тарси интиқом хомӯшанд

Фаъолони тоҷик ба Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия гуфтаанд, ки хонаводаҳои зиёди мухолифони ҳукумати Тоҷикистон аз қатъи ҳадафмандонаи нерӯи барқ зарар дидаанд. Аммо ба гуфтаи онҳо, бисёре аз ин хонаводаҳо аз тарси фишор ва интиқоми минбаъдаи мақомот омода нестанд дар бораи мушкилоти худ ошкоро суҳбат кунанд.

То кунун мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ сабаби қатъи нерӯи барқ дар манзили наздикони мухолифонро шарҳ надодаанд.

Пайванди эҳтимолӣ ба эътирозҳо дар Берлин

Ба гуфтаи манобеи огоҳ, ин фишорҳо метавонанд ба эътирозҳои мухолифони тоҷик алайҳи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон рабт дошта бошанд.

Рӯзҳои 28–29 сентябр мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар Олмон алайҳи сафари Раҳмон ба Берлин тазоҳурот баргузор карданд. Рӯзи 29 сентябр бархе аз ҷавонони «Гурӯҳи 24» ба мошини ҳомили Эмомалӣ Раҳмон тухм партоб карданд.

Пас аз ин ҳодиса, тибқи гузоришҳои фаъолони мухолиф, мақомоти амниятии Тоҷикистон ба боздошту бозпурсии наздикони мухолифон оғоз карданд. Дар миёни боздоштшудагон, ба гуфтаи онҳо, ҳатто падару модарони солхӯрдаи фаъолон низ буданд. Баъзе аз боздоштшудагон то ду-се рӯз дар боздоштгоҳҳо нигоҳ дошта шудаанд.

Гуфта мешавад, ки синни калонтарин нафаре, ки дар ин робита боздошт шудааст, 81 сол буда, дар миёни боздоштшудагон кӯдаки тақрибан якунимсола низ будааст.

Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия аз Душанбе талаб мекунад, ки ба фишор болои аъзои хонаводаҳои мухолифон хотима диҳад ва ҳуқуқу озодиҳои бунёдии шаҳрвандонро бидуни табъиз ва новобаста аз мавқеи сиёсии наздиконашон риоя кунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular