Wednesday, September 30, 2026
Место для Реклама!
HomeФарҳангДаъвати Михаил Галустян ба Тоҷикистон баҳси ҷиддиро дар ҷомеа ба вуҷуд овард

Даъвати Михаил Галустян ба Тоҷикистон баҳси ҷиддиро дар ҷомеа ба вуҷуд овард

Даъвати ҳаҷвнигор ва ҳунарпешаи рус Михаил Галустян ба Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои гуногун ба бор овардааст. Қисме аз корбарон аз эҳтимоли иштироки ӯ дар як чорабинии фарҳангӣ норозигӣ карда, нақши ӯ дар барномаи телевизионии «Наша Russia» ва образҳои «Равшан» ва «Ҷамшуд»-ро ба ёд овардаанд.

Тибқи иттилои Радиои Озодӣ, Галустян бояд 30 сентябр дар як барномаи фарҳангии ширкати сохтмонии TAS International Group дар Душанбе иштирок кунад. Намояндагони ширкат то замони нашри гузориш ба саволҳо дар бораи ҳадафи даъвати ӯ посух надодаанд.

Сабаби асосии баҳс ба образҳои «Равшан» ва «Ҷамшуд» бармегардад. Ин қаҳрамонҳо дар барномаи «Наша Russia» ҳамчун муҳоҷирони корӣ тасвир мешуданд ва соли 2010 образҳои мазкур боиси эътирози бархе аз фаъолони тоҷик шуда буданд. Онҳо чунин тасвирҳоро нисбат ба муҳоҷирони тоҷик таҳқиромез арзёбӣ карда буданд.

Дар баробари ин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ назари дигар низ баён мешавад. Баъзе корбарон таъкид мекунанд, ки Галустян пеш аз ҳама ҳунарпеша аст ва нақшро тибқи сенария иҷро мекунад. Ба гуфтаи онҳо, масъулияти мазмун ва образҳо набояд танҳо ба худи ҳунарпеша нисбат дода шавад.

Аммо саволи асосӣ барои ҷомеа боқӣ мемонад: чаро барои чунин чорабинӣ маҳз ҳунарманде интихоб шудааст, ки номи ӯ то ҳол бо баҳси образҳои «Равшан» ва «Ҷамшуд» пайвастааст?

Ҳайъати таҳририяи TajNews зарур мешуморад, ки ташкилкунандагони чорабинӣ мавқеи худро равшан баён карда, сабаби интихоби Галустян ва ҳадафи даъвати ӯро ба ҷомеа шарҳ диҳанд. Ҳамчунин муҳим аст, ки худи Михаил Галустян низ дар бораи ин баҳсҳо ва сафари худ ба Тоҷикистон мавқеи худро баён кунад.

TajNews омода аст мавқеи расмии ташкилкунандагон ва худи Михаил Галустянро нашр намояд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular