Рӯзи 28-уми октябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон фармони мораторий ё маҳдуд кардани санҷиши соҳибкорони хурду миёна то соли 2029-ро имзо кард. То он вақт ҳеҷ ниҳод, ба истиснои мақомоти андоз, ҳақ надорад фаъолияти ин соҳибкоронро санҷад.
Ин дар фармоне омадааст, ки дар сомонаи раисҷумҳур нашр шуд.
Ин фармон мӯҳлати мораторийи ҳоло амалкунандаро, ки аз соли 2025 то 1-уми январи соли 2027 эълон шуда буд, ду сол дароз мекунад. Раисҷумҳур дар бораи тамдид рӯзи 14-уми октябр дар вохӯрӣ бо соҳибкорон ва сармоягузорон дар Душанбе, дар Рӯзи соҳибкор, эълон карда буд.
Чаро мораторий дароз шуд?
Дар тавзеҳи фармон омадааст, ки тасмим бо ҳадафи “дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, таҳкими иқтидори саноатӣ ва содиротии ҷумҳурӣ, аз байн бурдани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ” гирифта шудааст.
Ҳукумат бояд дар муҳлати як моҳ санади меъёрии ҳуқуқии заруриро барои амалӣ кардани мораторий пешниҳод кунад. Муносибатҳои вобаста ба он бо қонуни “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” танзим мешаванд. То охири мӯҳлат татбиқи меъёрҳои қонунгузорӣ оид ба санҷиши соҳибкории хурду миёна дар доираи қонун боздошта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар солҳои 2008–2026 дар Тоҷикистон мораторий ба санҷиши соҳибкорон панҷ маротиба: солҳои 2008, 2011, 2018, 2022 ва 2025 эълон шуда буд. Муаллифони санад мегӯянд, ки ин тадбирҳо ба рушди соҳибкорӣ ва бахши истеҳсолот таъсири мусбат расонида, ба ҷалби сармоя ва эҷоди ҷойҳои корӣ мусоидат кардаанд.
Дар Тоҷикистон чанд соҳибкор ҳаст?
Ба иттилои Оҷонсии омор, то 1-уми октябр дар кишвар беш аз 401,1 ҳазор субъекти хоҷагидори фаъол ба қайд гирифта шудааст: 42,5 ҳазор шахси ҳуқуқӣ ва 358,6 ҳазор соҳибкори инфиродӣ. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи умумӣ 18,2 ҳазор ё 4,8% зиёд шудааст.

Шумораи шахсони ҳуқуқӣ 1 ҳазор (2,4%) ва соҳибкорони инфиродӣ 17,2 ҳазор (5%) афзудааст. Соҳибкорони инфиродӣ 89,4%-и тамоми субъектҳои фаъолро ташкил медиҳанд, шахсони ҳуқуқӣ 10,6%.
Дар як сол теъдоди соҳибкороне, ки бо патент кор мекунанд, аз ҳама бештар, 11,5% афзудааст. Шумораи соҳибкорони дорои шаҳодатнома бо шартҳои махсус 9,6%, дорандагони шаҳодатнома 6,6% ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 1,1% зиёд шудааст.

Агар сарфи назар аз мораторий санҷанд, чӣ бояд кард?
То 1-уми январи соли 2029 ҳеҷ ниҳод, ба ҷуз мақомоти андоз, ҳақ надорад фаъолияти соҳибкоронро санҷад. Бо вуҷуди ин се ҳолати истисноӣ ҳаст, ки бо иҷозати Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти санҷишӣ ба ниҳодҳо имкон медиҳад санҷиш гузаронанд:
- агар соҳибкор фаъолияташро қатъ кунад ва зарурат пеш ояд, ки фаъолияти ӯ пурра санҷида шавад;
- бо супориши ҳукумати кишвар;
- агар нисбати соҳибкор парвандаи ҷиноятӣ боз шавад.
Агар ягон мақомоти санҷишӣ ғайриқонунӣ, сарфи назар аз мораторий, фаъолияти соҳибкорро санҷад, шумо метавонед дар баробари мақомоти дигари дахлдор ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муроҷиат кунед. Аз ин Кумита ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки омодаанд муроҷиати соҳибкоронро қабул кунанд ва санҷишҳои ғайриқонуниро пешгирӣ намоянд. Тавсифи муфассалро ин ҷо хонед.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.


